МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Баъди хондани ин матн муаллим аз хонандагон мепурсад, ки оё онҳо ба чунин баҳои Гулназар розӣ ҳастанд. Баъди ҷавоби хонандагон боз шеърро хонда, фикри Гулназарро ба ҳар қисми он татбиқ мекунанд. Хонандагон мехонанд.
Сипас, муаллим таъкид мекунад, ки равиши асосии хониши хонандагон дуруст аст, вале бо вуҷуди ин онҳо бисёр нозукиҳои шеърро ҳис накардаанд, бинобар ин, дар вақти хондан эҳсосу андеша ва тобишҳои хостаи шоирро ифода карда натавонистанд. Муаллимро дар ин маврид лозим меояд, ки боз ба матни Гулназар истинод кунад:
«Ҷомаи домодӣ», ки бозёфти шеъри Лоиқ аст, дар шеъри дигари ў «Суруди хайрбод» хеле хуб истифода шудааст.
Қаҳрамони лирикии шоир дар майдон, пеш аз марг хаёлан бо наздиконаш хайрбод мегўяд ва ба забон меорад: «Ҷомаи домодии манро ту пўш, эй додарам».
Ва ин мисраъ бо мисраи «На танҳо баҳри ман, баҳри ҳама фардоиён ҳам дўз!»-и «Ба модарам» чӣ қадар ҳамоҳанг ва ҳаммаъност» (Гулназар. Ҳамон ҷо, саҳ.69).
Дар зимни ин тавзеҳот агар сабти хониши «Ба модарам» аз ҷониби Маҳмуд Воҳид дастрас шавад, ҳатман онро бояд истифода кард.
Инак, муаллим таҳлили шеърро ҷамъбаст намуда, ҳамеша ба навиштаи Гулназар такя менамояд. Он қисматҳои мақоларо тавзеҳ медиҳад, ки шоир дар бораи пораҳо ва тобишҳои хоси маънавии шеър сухан мегўяд. Таҳлили матн ва омўзиши он дар заминаи мақолаи Гулназар барои хонандагон сабақи хуби хонда фаҳмидан, хонда тобишҳои шеърро ифода карда тавонистанро ёд медиҳад. Дар ин замина мақолаи адабиётшиносӣ ба хонанда ва муаллим ёрии амалӣ мерасонад.
Ин дарси намунавии пешниҳодӣ буд. Муаллими огоҳ дар ҳамин равиш ҳангоми таълими мавзўъҳои дигар метавонад аз мақолаҳои адабиётшиносӣ, танқидӣ ва ҳунаршиносӣ истифода барад.
Бо ҳамин роҳ метавон асарҳои гуногун, аз ҷумла, асарҳои ҳамосӣ, ғаноӣ, драмавиро таҳлил ва ба хонанда сабақи судманд ҳадя кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо