МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Масалҳои Эзоп дар бораи ҳайвонот буд, ки аз қадим ба ў нисбат медоданд. Ҳатто, Суқрот баъзе масалҳои ўро ба назм даровардааст.
Гуфтем, ки сарнавишт ва суханҳои Луқмону Эзоп ба ҳам монанданд. Аз афсонаҳое, ки дар бораи Луқмон нақл кардаанд, баъзеро айнан дар бораи Эзоп низ оварданд.
Масалан, қиссаи «Дил ва забони гўсфанд» ва қиссаи «Гарав бастани хоҷа дар бораи ошомидани оби дарёча» ва ғуломоне, ки меваро хўрданду Луқмонро муттаҳам карданд. Чунон ки дидем, ҳикояти мева хўрдани ғуломон ва муттаҳам кардани онҳо Луқмонро дар «Маснавӣ».. бисёр ҳам ҷаззоб ба назм омада.
Акнун дар поёни ин навишта ҳикоятҳои «Ғуломоне, ки меваро хўрданду Луқмонро муттаҳам карданд» ва «Дил ва забони гўсфанд»-ро меоварем.
Саолабӣ дар «Қисасуланбиё» меоварад, ки:
«…Луқмон назди хоҷаи худ аз хортарин ғуломон буд. Хоҷа ўро бо ёронаш ба бўстон фиристод то барои ў мева оваранд. Чун бозомаданд бо онҳо чизе набуд ва меваро хўрда буданд. Ин гуноҳро ба Луқмон бастанд.
Луқмон хоҷаро гуфт… бифармой то моро оби гарм бинўшонанд он гоҳ водоранд, ки онро баргардонем. Хоҷа фармуд то чунон карданд. Онҳо меваҳоеро, ки хўрда буданд, баргардонданд. Аммо Луқмон ҷуз об чизе барнагардонд. Хоҷа ростии ў ва дурўғи ёронашро аз он бишнохт».
Ҳикояти дигар меоварад, ки «…Луқмон ғуломаке зангӣ буд.
Рўзе хоҷааш вайро гуфт: имрўз гўсфандеро бикуш. Ў гўсфандеро бикушт. Пас, хоҷа гуфт: Покизатарин чизеро биёвар.
Забону дилашро биовард. Гуфт: Чизе аз инҳо покизатар надошт?
Гуфт: На! Хоҷа хомўш монд. Дигар рўз гуфташ: Барои мо гўсфанде бикуш. Ҳам бикушт. Пас гуфт: Палидтарин чизҳо аз он биовар. Боз дил ва забонаш биёвард. Гуфташ: Туро гуфтам покизатарин чизаш биёвар, дилу забонаш овардӣ? Посух дод:
Чун ин ду покиза бошанд, ҳеҷ чиз аз онҳо покизатар нест ва чун палид бошанд ҳеҷ чиз, палидтари онҳо нест..»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо