МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамин тариқ, сарнавишти Луқмон ва ҳикояти масалҳои ў ҳамчунон ҳампои зиндагии инсонҳост, яъне дар хидмати ахлоқи одамизод аст.
БОБИ 11
ТАФСИРАИ СУДМАНДИ ХОНИШИ БАДЕӢ
Дар барномаи таълимӣ асосан навиштани иншо ва нақли хаттӣ пешбинӣ шуда, вале дар барнома таҳлили асари бадеӣ ва баланд бардоштани завқи зебошинохтии хонандагон ҷузъи муҳими кору фаъолияти муаллим арзёбӣ шудааст. Агар воқеъбин бошем, аз синфи VII сар карда хонандагон ғайр аз нақли хаттию иншо ба навиштани чизҳои ҷиддитар, аз ҷумла, тақризу мақола ё тафсирае ба ин ё он асар бояд одат кунанд.
Мутаассифона, ин кор дар таҷрибаи мо ба кундӣ пеш меравад ва муаллимони мо низ дар ин самт таҷриба надоранд.
Ҳамин ҳолатро ба назар гирифта, мо ҳикояи нависандаи бузурги рус А.П.Чехов «Шодӣ» ва тақризеро ба он, ҳамчунин, ҳикояи Шервуд Андерсон «Китоби пайкараҳои аҷиб» ва нақди онро нашр намудем. Бошад, ки ин таҷриба дар ибтидо барои муаллимону шогирдони онҳо намунаи тақлид қарор гирифта, минбаъд пои андешаи онҳоро дар шинохт ва арзёбии мустақилонаи асари бадеӣ боз намояд.
А.П.ЧЕХОВ: ШОДӢ
Нимашаб буд. Митя Калдоров барангехта ва бо ҳаяҷон ба суръат дохили хонаи падараш шуд ва шурўъ ба сар кардан туи утоқҳо кард. Падару модараш мехостанд бихобанд. Хоҳараш дар тахти хоб буд ва охирин сафаҳоти румонеро мехонд. Бародарони донишомўзаш хобида буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо