Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Падару модараш бо тааҷҷуб пурсиданд:
-Аз куҷо меоӣ? Аҳволу саломатиат чӣ тавр?
-Оҳ, напурсед! Чунин фикр намекардам! На, ҳеҷ фикрашро намекардам! Ин… бовар карданӣ ҳам нест!
Митя ханда кард ва рўи сандалии роҳате нишаст. Аз хушҳолӣ по рўи по гузошта буд.
-Бовар карданӣ нест! Аслан наметавонед тасаввурашро бикунед! Бубинед!
Хоҳараш аз тахти хоб пойин ҷаст, худро дар малофае печид ва ба бародараш наздик шуд. Бародаронаш аз хоб бедор шуданд.
-Чӣ гап? Ростӣ, ки ту хеле хурсандӣ!
-Аз хушҳолӣ аст, алъон ҳама Русия маро мешиносанд! Пеш аз ин танҳо шумо медонистед, ки дар дунё як Дмитрий Калдоров, корманди идораи сабт вуҷуд дорад ва ҳоло тамоми Русия инро медонад! Оҳ, Худо!
Митя дубора бархост ва боз шурўъ кард ба давидан тайи утоқҳо, баъд дубора нишаст.
-Охир, чӣ хабар шуд? Дуруст шарҳ бидеҳ!
-Шумо мисли ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунед, рўзнома намехонед, ба иҷтимоъ таваҷҷўҳе надоред, ин ҳама чизҳои ҷолиби таваҷҷуҳ дар рўзномаҳо ҳаст! Ҳар иттифоқе биафтад фавран мунташир мешавад, ҳеҷ чиз махфӣ намемонад! Чӣ қадар хушвақтам! Оҳ, Худои ман! Рўзномаҳо фақат аз одамҳои барҷаста сўҳбат мекунанд ва алон аз ман ҳарф мезананд!
-Чӣ мегўӣ? Куҷо?
Ранги падар парид, модар тасвири муқаддасро нигоҳ кард ва салибе кашид. Бародарҳо сари по шуданд ва ҳамон тур бо пироҳанҳои кўтоҳи шаб ба бародари бузургашон наздик шуданд.
-Оре, рўзномаҳо роҷеъ ба ман матлабе навиштаанд, алъон ҳамаи Русия маро мешиносад! Модар, ин шумораро ба ёд дошта бошед! Чанд дафъа онро мехонам, гўш кунед!
Митя рўзномае аз ҷайб даровард, ба падараш дод ва қисматеро, ки бо қалам даври онро хат кашида буд, нишон дод:
-Бихонед!

пешина
аз 344
навбатӣ