Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Падар айнакашро гузошт.
-Бихонед, дигар!
Модар тасвири муқаддасро нигоҳ кард ва салиб кашид.
Падар сурфае кард ва шурўъ ба хондан кард:
Дар таърихи 29 декабр, соати ёздаҳи шаб Дмитрий Калдоров корманди идораи сабт…
-Гўш кунед, бақияро гўш кунед!
...Дмитрий Калдоров, корманди идораи сабт, мавқеи хуруҷ аз ширакашхонае, ки дар хиёбони Барнои кўчак воқеъ аст, дар ҳоли нашъа…
-Бо Семён Петрович будам… то ҷузъиёташро ҳам шарҳ диҳад. Идома бидиҳед! Гўш кунед!
«….ва дар ҳоли нашъа сур мехўрад ва зери даст ва пои аспи коляскае, ки дар истгоҳ буда ва ба Иван Дратов, рустоии деҳкадаи Дрикинд, аз иолоти Бухунек тааллуқ доштааст, меафтад. Асп метарсад, Калдоровро лагадмол мекунад ва по ба фирор мегузорад ва саройдорҳо ҷилавашро мегиранд.
Калдоровро, ки беҳуш шуда, ба калонтарӣ мебаранд ва пизишк ўро муойина мекунад. Зарбае, ки ба паси гардани ў ворид омада буда…»
-Ин зарба аз ресмон буд, бақияро бихонед!
«…ки ба паси гардани ў ворид омада будааст, ҷузъе ташхис дода шуда. Як бозпурсии шаффофе роҷеъ ба қазия ба амал омада, мазруб таҳти муолиҷоти пизишкӣ қарор гирифтааст…»
-Ба ман гуфтанд пушти гарданамро компреси оби сард кунам. Ҳоле хондед? Ҳон? Ин тур! Алъон ин рўзнома даври Русия мегардад. Бадаш ин ҷо…
Митя рўзномаро гирифт, таҳ кард ва дар ҷайб андохт.
-Алъон мебарам манзили Макаруф, бараш нишон медиҳам…бояд ба Иванитский, ба Наталий Иванова ва ба Анисим Базилевич ҳам нишон дод…рафтам! Худо ҳофиз!
Митя кулоҳашро сар гузошт ва фотеҳу хушҳол ба кўча гурехт.
ТАҚРИЗЕ ДАР ҲОШИЯИ ҲИКОЯИ «ШОДӢ»

пешина
аз 344
навбатӣ