Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худнамоӣ ва таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб кардан аз ниёзҳои табиии башар аст. Гоҳе дида мешавад, ки инсон ба ҳар василае мутавассил мешавад то воқеъияти вуҷудии худро дар пеши дигарон ба намоиш гузорад. Бисёре орзуманданд, ки дар маърази таваҷҷуҳи хосу ом бошанд ва дар ин роҳ ҳозиранд даст ба ҳар коре бизананд то худро машҳур ва маъруф кунанд. Ҳатман қиссаи он марди юнониро шунидаед, ки муҷассамаи худои бузурги юнониён Зевсро шикаста буд.
Вақте ўро гирифтанд ва пурсиданд, ки даст ба ин кор зада ва хабар дошта, ки муҷозоти чунин коре марг аст? Ҷавоб дод:
-Медонам, мехостам коре кунам, ки мардум ба ман таваҷҷуҳ кунанд ва маро ҳамеша ба хотир дошта бошанд.
Ё қиссаи бародари Ҳотам ва шошидан дар чоҳи Замзам.
Гўянд ин корро бародари Ҳотам кардааст. Он гоҳ ки дид бо сахо овозаи бародар ба даст наоварад, оби чоҳи муқаддаси Замзам биолуд ва бад-ин сабаб машҳур гашт.
Дар ҳикояи «Шодӣ» ҳамин худнамоӣ ва шуҳрат, албатта, ба сурати танзомезаш тарҳ мешавад. Тасаввури маъруф шудан ва аз ў дар рўзномае ном бурдан, шахсияти ҳикоячаро ба ҳаяҷон ва шавқ овардааст.
Нимашаб ҳамаро бедор мекунад, ки рўзномаро бихонанд, ки номи ў дар он омада. Барои ў ҳеҷ тафовуте намекунад, ки ба чӣ муносибат ва ба чӣ наҳве аз ў ном бурдаанд, ҳамин ки номи ў дар рўзнома чоп шуда, барои ў арзиши фаровон дорад. Ҳамин нукта аст, ки ҳикоячаи «Шодӣ»-ро ҷолиби таваҷҷуҳ ва пурмаъно мекунад ва ба он арзиши мондагорро медиҳад, зеро ғайри мустақим ба ҳикмате ишора дорад, ки башар аз дер боз ба он таваҷҷуҳ ва тамойили амиқ доштааст.

ШЕРВУД АНДЕРСОН:
КИТОБИ « ПАЙКАРАҲОИ АҶИБ»
Шервуд Андерсон аз бузургтарин нависандагони дунёст, ки барои бачаҳо асарҳои ҷолиб навиштааст. Муҳаққиқон ҳикояи ў «Мехоҳам бидонам чаро»-ро «яке аз қавитарин достонҳо»
шинохтаанд.

пешина
аз 344
навбатӣ