Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хондан ва таҳлил кардани ҳикояи «Китоби пайкараҳои аҷиб» ва тақризи ба он навиштаи Л.Трелинг (мунаққиди амрикоӣ), ки мо паси ҳам овардем, дар дарк ва маънидоди осори адабӣ ба муаллимон ёрӣ хоҳад кард.
Нависанда пирамарде бо сабили сафед ба сахтӣ метавонист худашро аз тахт боло бикашад. Панҷараҳои хонае, ки дар он зиндагӣ мекард, баланд буд ва субҳ, ки чашмҳояшро боз мекард, дилаш мехост дарахтҳоро бубинад. Наҷҷоре омад, тахтро болотар бурд, то ҳамсатҳи панҷара шуд.
Барои чунин коре ҳаёҳуи зиёде ба по шуд. Наҷҷор, ки дар давраи ҷанги дохилӣ сарбоз буд, по ба утоқ гузошт ва гуфт, ки барои боло бурдани тахт бояд як саку сохт. Нависанда канори дасташ сигорбарг дошт ва наҷҷор сигорбарг дуд кард.
Ду мард муддате дар бораи боло бурдани тахт ҳарф заданд ва сипас ҳарфҳои дигаре пеш кашиданд. Сарбоз аз ҷанг ҳарф зад.
Албатта пирамард сўҳбатро ба ҷанг кашонд. Наҷҷор як бор дар зиндони Андерсунил зиндонӣ шуда буд ва бародарашро аз даст дода буд.
Бародараш аз гуруснагӣ мурда буд ва ў ҳар вақт ин мавзўъро ба миён меовард, ба ҳиқ-ҳиқ меафтод. Ў ҳам монанди нависанда сабили сафеде дошт ва вақте гиря мекард, лабҳояш ҷамъ мешуд ва сабилаш боло ва пойин мерафт. Пирамард бо сигорбарги зери лаб ва ҳиқ-ҳиқаш ҳолати хандаоваре пайдо мекард. Тарҳе, ки нависанда барои боло бурдани тахт дошт, фаромўш шуд ва наҷҷор баъд ба дилхоҳи худ тахтро боло бурд ва нависанда, ки беш аз шаст дошт, шабҳангом маҷбур шуд, по рўи як сандалӣ бигзорад то дар тахт дароз бикашад.
Нависанда рўи тахти худ ба паҳлў ғалтид ва комилан ором дароз кашид. Солҳо буд, ки фикри нороҳатии қалбӣ озораш медод. Зиёд сигор мекашид ва қалбаш номураттаб мезад. Гумон мекард, ки рўзе ногаҳон пас меафтад ва ҳар бор, ки рўи тахт дароз мекашид, дар бораи ин мавзўъ фикр мекард. Пеши худ мегуфт, ки ин нороҳатӣ одамро хабар намекунад. Ин фикр, ки ба содагӣ қобили тавзеҳ набуд, дилмашғулаш мекард ва сабаб мешуд, ки дар рахти хоб беш аз ҳар ҷойи дигар худашро зинда эҳсос кунад, ў комилан ором дароз кашида буд ва танаш пир буд ва дигар ба коре намеомад.

пешина
аз 344
навбатӣ