Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо рўиҳамрафта чизе дар дарунаш ҷавон буд. Ба зани обистане мемонд. Аммо чизи дарунаш кўдак набуд, балки писари ҷавоне буд, на, писари ҷавоне ҳам набуд, зани ҷавоне буд, ки монанди силоҳшўрҳо зиреҳ ба тан дошт.
Бубинед, кори беҳудае аст, ки бихоҳем бубинем чӣ чизе дар даруни пирамард буд ҳамчунон ки он ҷо рўи тахти баландаш гўш медод. Нависанда ё чизи ҷавони даруни нависанда мехост таҳу тайи онро дар биоварад.
Нависандаи пир монанди ҳамаи мардуми дунё дар зиндагии тўлонии худ хаёлҳои зиёде дар сар парваронида буд. Рўзе бисёр зебо буд ва занҳои зиёде дилбохтааш шуда буданд. Ва албатта, дар он вақт одамҳоеро мешинохт, одамҳои зиёдеро, онҳоро бо самимияти аҷибе мешинохт, ки бо шинохти ману шумо аз одамҳо тафовут дошт. Даст кам нависанда ин тур фикр мекард ва аз ин фикр дилшод буд. Охир намешуд бо пирамард бар сари фикрҳояш куланҷор рафт.
Нависанда дар рахти хоб рўъёҳое дид, ки рўъё набуд. Вақте андаке хоболуд шуд ва ҳанўз ҳушёр буд, пайкараҳое пеши чашмҳояш зоҳир шуд.
Дар хаёл дид, ки чизи ҷавони васфнашуданӣ дарунаш сафи дарозе аз пайкар ҷилуи чашмҳояш пеш мебарад.
Бубинед, чизи тамошоӣ ин буд, ки пайкарҳо ҳама аҷиб буданд. Ҳамаи мардҳову занҳое, ки мард дар умраш шинохта буд, одамҳои аҷибе шуда буданд.
Пайкараҳои аҷиб ҳама тарснок буданд. Баъзе саргармкунанда буданд, баъзе камобеш зебо буданд ва яке аз онҳо зане буд, ки аз рўъё берун омад ва бо тани аҷибаш пирмардро ранҷонд. Вақте ки ў гузашт, мард садое кард, ки шабеҳи лойидани саг буд. Агар шумо ба он утоқ по мегузоштед, шояд гумон мекардед, ки мард хобҳои ошуфта мебинад ё шояд сардил дорад.
Сафи пайкараҳои аҷиб як соате аз ҷилуи чашмҳои пирамард гузашт ва он вақт бо нороҳатӣ аз тахт пойин хазид ва даст ба қалам бурд. Чанд то аз пайкараҳои аҷибтаъсири зиёде рўяш гузошта буданд ва ў мехост онҳоро тавсиф кунад.

пешина
аз 344
навбатӣ