МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Нависанда як соате пушти мизаш кор кард. Даст охир китобе навишт, ки исмашро китоби ПАЙКАРАҲОИ АҶИБ гузошт. Китоб ҳаргиз чоп нашуд, аммо рўзе ба дасти ман афтод ва таъсираш барои ҳамеша дар зеҳни ман боқӣ монд. Китоб як фикри аслиро дунбол мекунад, ки бисёр аҷиб аст ва ҳамеша дар фикри ман аст.
Бо ёдоварии он фикр тавонистаам одамҳо ва чизҳои зиёдеро бишносам, ки дар ҳамаи умр аз ўҳдаи шинохтанашон барнаёмада будам. Фикри печида буд, аммо хулосаи содааш ин аст.
Дар оғози дунё фикрҳои зиёде вуҷуд дошт, аммо чизе ба исми ҳақиқат дар миён набуд. Инсон худаш ҳақиқатҳоро сохт.
Ҳар ҳақиқат таркибе буд аз фикрҳои мубҳам бисёр зиёд. Ин ҳақиқатҳо дар ҳама ҷои дунё дида мешуданд ва зебо буданд.
Пирамард чандсад ҳақиқатро дар китобаш овард. Ман намехоҳам ҳамаи онҳоро бароятон бозгў кунам. Дар он вақт ҳақиқат покӣ буд ва ҳақиқат шўр, ҳақиқат сарват ва ҳақиқат тиҳидастӣ, ҳақиқат сарфаҷўӣ ва велхарҷӣ (исрофкорӣ), ҳақиқат бедиққатӣ ва навмедӣ. Садҳо ва садҳо ҳақиқат вуҷуд дошт ва ҳама зебо буданд.
Он вақт одамҳо аз роҳ расиданд ва ҳар кадом яке аз онҳоро ба чанг оварданд ва баъзеҳо, ки қавӣ буданд, то дувоздаҳ ҳақиқат ба чанг оварданд.
Ҳамин ҳақиқатҳо буд, ки мардумро ба сурати пайкараҳои аҷиб даровард. Пирамард фарзияи сохта ва пардохтае барои ин мавзўъ дошт.
Ба гумони ў, ҳамин ки яке аз мардум ҳақиқатеро ба чанг овард, онро ҳақиқати худ намуд ва саъй кард зиндагиашро бар пояи он бино кунад. Ин буд, ки одами аҷибе шуд ва ҳақиқате, ки ба чанг оварда буд, дурўғ аз об даромад.
Рўшан аст, ки пирамард, ки умре чиз навишта буд ва анбошта аз вожа буд, метавонист дар бораи ин мавзўъ садҳо сафҳа сиёҳ кунад ва кард. Мавзўъ чунон аҳамияте дар зеҳнаш пайдо кард, ки чизе намонда буд худаш ҳам одами аҷибе бишавад. Ба гумонам, ў ба ин далел одами аҷибе аз кор дарнаёмад, ки китобро чоп накард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо