МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамон чизи ҷавони даруни пирамард наҷоташ дод.
Ман аз наҷҷори пире, ки тахти нависандаро дуруст кард, фақат ба ин далел исм бурдам, ки ў ҳам монанди бисёре аз одамҳое, ки номашон мардуми оддӣ аст, дўстдоштанитар ва маъмулитар аз ҳамаи пайкараҳои аҷиби китоби нависанда буд.
ЛОУНЕЛ ТРЕЛИНГ:
НАҚДИ КИТОБИ «ПАЙКАРАҲОИ АҶИБ»
Шервуд Андерсон ба суннати мардоне вобастааст, ки бо ҷомиаи «обрўманд» даргирии мудовиме дорад ва хиради мантиқиро мавриди сарзаниш қарор медиҳанд. Ин суннат бисёр
1 куҳан аст ва ба асинҳо ва нахустин тарафдорони Фронсис Қадис
2 ва низ нахустин пайравони Ҳосидим мерасад. Дар даврони муосир ин суннат бо Вилям Флик, Воят Витман ва Диэч Лорнис дунбол шудааст. Пайравони ин суннат касоне ҳастанд, ки сирфан ба сарзаниши роҳи нодурусте, ки мардуми ҷаҳон дар пеш гирифтаанд, намепардозанд, балки ба коре низ даст мезананд. Инон сарзаниши хешро ба сурати амал дармеоваранд ва нақшеву роҳе дигар дар зиндагӣ пеш мегиранд ва кулабори худро бар пушт мегузоранд ва шаҳри обрўманди мўҳтарамро тарк мегўянд. Коре, ки Андерсон ба он даст зад. Аммо Андерсон фоқиди чизе буд, ки ҳамқаторони маънавиаш аз он бархурдор буданд, чизе ки бад-он номи хирад метавон дод. Андерсон ҳеҷ гоҳ дарнаёфт, ки лаҳзаи огаҳӣ ва дигаргунӣ- лаҳзаи буридан аз шаҳр-сарфан дархўри ситоиш нест, балки бояд онро парваронд, то чизе ки дар оғоз амале иродӣ аст, ба сурати амале таъақулӣ дарояд. Мардони хирадситези суннатӣ иддаъоҳои худро мавриди тамасхур қарор медиҳанд ва ба маҳдудияти он метозанд, ҳол он ки худ намояндаи қудратмандтарин андешаанд.
Албатта, онон ба ҳеҷ ваҷҳ хирадро мавриди ҳамла қарор намедиҳанд, балки хирадеро мардуд мешуморанд, ки мавриди
1 Асинҳо- афроди табақаи зоҳидон ва фаластиниёне, ки дар қарни дувуми пеш аз милод мезистанд.
2 Ҳосидим- пайравони фирқаи яҳудӣ дар қарни дувуми пеш аз милод, тобеъи ташрифот ва шаъойири динӣ ва мухолифи андеша ва одоб ва русуми куҳан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо