Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

назари ҷомеъаи обрўманд аст. Онон дар ҳоле ки ба сарзаниши хирад мепардозанд, нубуғи худро дар қолиби калом, мавзўъ ва кашф боз менамоянд.
Шервуд Андерсон аз ин назар шабеҳи онон набуд. Ў марде «оқил» нашуд. Аз ин истеъдод низ бебаҳра буд, ки бо овардани як ҷумла ё як истиъора ногаҳон гўшае торик аз зиндагиро рўшан кунад. Нақши ў иҷоб мекард, ки саршор аз «гуфта» ва биниши амиқ бошад; аммо чунин набуд. Бо ин ҳама, дар муқаддимаи маҷмўъа достони Войнзберг Уҳойу яке аз чанд гуфтаи «оқилона»-и осорашро бо навъе таъна, боз мегўяд, ки ба навъе баёни нотавонии худи ў низ ҳаст. Муқаддима шомили достони кўтоҳе аст. Дар хусуси пирамарде, ки матлабе ба номи «Китоби пайкараҳои аҷиб» менависад. Ақидаи пирамард чунин аст:
Дар оғози дунё фикрҳои зиёде вуҷуд дошт, аммо чизе ба исми ҳақиқат дар миён набуд. Инсон худаш ҳақиқатҳоро сохт.
Ҳар ҳақиқат таркибе буд аз фикрҳои мубҳами бисёр зиёд. Ин ҳақиқатҳо дар ҳама ҷои дунё дида мешуданд ва зебо буданд.
Пирамард чандсад ҳақиқатро дар китобаш овард. Ман намехоҳам ҳамаи онҳоро бароятон бозгў кунам. Дар он вақт ҳақиқат покӣ буд ва ҳақиқат шўр, ҳақиқат сарват ва ҳақиқат тиҳидастӣ, ҳақиқат сарфаҷўӣ ва велхарҷӣ (исрофкорӣ), ҳақиқат бедиқатӣ ва навмедӣ. Садҳо ва садҳо ҳақиқат вуҷуд дошт ва ҳама зебо буданд.
Он вақт одамҳо аз роҳ расиданд ва ҳар кадом яке аз онҳоро ба чанг оварданд ва баъзеҳо, ки қавӣ буданд, то дувоздаҳ ҳақиқат ба чанг оварданд.
Ҳамин ҳақиқатҳо буд, ки мардумро ба сурати пайкараҳои аҷиб даровард. Пирамард фарзияи сохта ва пардохтае барои ин мавзўъ дошт. Ба гумони ў ҳамин, ки яке аз мардум ҳақиқатеро ба чанг овард, онро ҳақиқати худ номид. Ва саъй кард зиндагиашро бар пояи он бисозад. Ин буд, ки одами аҷибе шуд ва ҳақиқате, ки ба чанг оварда буд, дурўғ аз об даромад.
Андерсон танҳо яке аз ин ҳақоиқро ба чанг овард ва ба мафҳуми латиф ва меҳромези худ аз вожаи «аҷиб» одаме аҷиб шуд ва дар натиҷа он ҳақиқат ба сурати навъе дурўғ даромад. Ин ҳақиқат, ки шояд беҳтар бошад, онро таркибе аз ҳақоиқ биномем, ҳақиқати ишқ-шўр-озодӣ буд, ки аз ин «фикрҳои мубҳам» ҳосил омада буд: ҳар фард гавҳари арзишманде аст, ки муғойир бо ҳамаи гавҳарҳои дигар аст; ҷомеъа ва ба вижа ҷомеъаи кунунӣ ин гавҳарҳоро мавриди таҳдид қарор медиҳад; арзишҳои хуби куҳан аз миён рафтаанд ва мардум аз якдигар ва ҳатто аз худ буридаанд.

пешина
аз 344
навбатӣ