МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Тарзи пешниҳоди савол ва муайян намудани дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар инкишофи нутқи хонандагон хеле муҳим мебошад. Омўзгор ё шахси саволдиҳанда бояд саволро ба хонанда тарзе пешниҳод намояд, ки хонанда барои ҷавоб додани вай ҳавасманд ва барои ҷавоб додан омода шавад. Савол бояд аз ҷиҳати мазмун ва мантиқ фаҳмо буда, дар доираи он мавзўъҳое бошад, ки хонанда дар давоми таҳсил аз худ кардааст. Ҷавоби хонанда бояд мураттабу мантиқан дуруст бошад.
Ҳангоми баҳо додан ба ҷавобҳои шифоҳии хонандагон аз фанни адабиёти тоҷик чунин меъёрҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:
– мукаммалӣ ва дурустии ҷавоб;
– дараҷаи фаҳмиши хонанда;
– тарзи баён;
– барои тасдиқи фикри гуфташуда мисолҳо овардан;
– риоя ва фаҳмиши меъёрҳои каломи бадеъ, баён, талафуз, хониш, вазни шеър, қофия ва санъатҳои бадеӣ;
– аз дарсҳои гузашта бохабар буда, барномаи таълимиро аз худ карда бошад;
– дар вақти ҷавоби савол худро озод ҳис карда тавонад;
–фикри худро тасдиқ карда тавонад, дар мубоҳисаи мавзўъ иштирок намояд.
Баҳои «5» ҳамон вақт гузошта мешавад, ки агар хонанда:
– ба савол пурра ҷавоб диҳад; фикрашро озод баён карда тавонад;
– мулоҳиза ва андешаҳои худро бо мисолҳо мушаххас исбот кунад;
– нутқаш бурро, равон ва тоза бошад;
– ба саволҳои иловагии муаллим, ба пуррагӣ ҷавоб дода ҷумлаҳоро ба пуррагӣ таҳлили шифоҳӣ кунад; панду ахлоқ шеърҳои шоирон ва адибонро таҳлил намояд;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо