Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– аз порчаҳои насрӣ ва назмӣ калимаҳои душворфаҳм, луғатҳоро маънидод карда тавонад;
– дар ҷавоби гуфташудааш мустаҳкам бошад;
– дар вақти баёни фикр ба забони гуфтўгуй ва лаҳҷа роҳ надиҳад.
Баҳои «4» ҳамон вақт гузошта мешавад, ки агар хонанда:
– дар ҷавоб ҳамаи он талаботеро, ки барои баҳои «5» лозим аст, ҷавоб дода, як - ду ғалат содир карда бошад;
– баъзе ғалатҳои содиркардаашро ҳангоми қироати шеърҳо бо ёрии муаллим ислоҳ карда тавонад;
– мазмуни матн ва мафҳумҳои асосиро донад;
– мазмуни саволҳои додашударо фаҳмида, мисолҳо оварда тавонад;
– шеърро ифоданок хонда, танҳо ба 1-2 ғалат роҳ диҳад;
– дар мураттабии фикр ва тарзи баён ғалатҳои саҳл содир кунад;
– дар вақти баёни фикр ба забони гуфтугўй роҳ диҳад.
Баҳои «3» ҳамон вақт гузошта мешавад, ки агар хонанда:
– мазмун ва мафҳумҳои асосии мавзўъро ба тариқи умумӣ фаҳмад;
– шеърҳоро аз ёд донад, лекин дар вақти хондан ба ғалатҳо роҳ дода бошад;
– ба мавзўъ ва мазмуни матн сарфаҳм рафта, бо ёрии омўзгор нақл карда тавонад;
– ба оҳанги ҷумлаҳо риоя намояд;
– ба саволи додашуда нобоварона ҷавоб диҳад;
– мазмуни мавзўъро пурра нақл карда натавонад;

  • ҳангоми баён ба ғалатҳо роҳ дода, аз забони гуфтугўӣ ва лаҳҷа истифода намояд.
    Баҳои «2» ҳамон вақт гузошта мешавад, ки:
    – агар ҷавоби хонанда ба талаботи баҳои «3» ҷавобгў набошад;
    – дар таърифи мафҳум ва қоидаҳо ғалат содир кунад;
пешина
аз 344
навбатӣ