МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Лек дар ў об не, хуни дил аст,
Лек дар ў об не, хуни ҷигар…
Интиҳои шеър моро ба ибтидои ором ва дақиқи шеър бозмеоварад.
Афзалият ва неруи чунин хондани ин шеър дар он аст, ки мазмун ва дарунмояи онро даркпазир месозад. Шеъри воҳидро ба қисмҳо ҷудо карда овоз дар ошкор сохтани эҳсосу андешаи шоир саҳм мегирад, ҷавҳари андешаи шоир муайян мешавад, хониши зинда ба ҷовидонагии сухан итминон медиҳад.
Дар синфи Х вазифаи дарси муқаддимавӣ пеш аз омўзиши мавзўи рисолавии «Садриддин Айнӣ» мураккабтар мешавад. Эҷодиёти Садриддин Айниро дар қаринаи замони зиндагиаш ҳамроҳ бо ташаккули адабиёти муосири тоҷик шарҳ дода, дар ин замина мавқеи тафсири пешакии таърихӣ ва таърихию адабиро ба назар гирифтан лозим аст.
Зинаи дигари омўзиш хондани матни асар мебошад, ки дар синфҳои поён ва боло мутафовит аст. То синфи /111 аксари асарҳо дар синф пурра хонда мешаванд. Илова ба омўзондани хониши муассир техникаи хониш низ омўзонда мешавад. Аз синфи /111 сар карда ҳиссаи хониши мустақилонаи хонагӣ зиёд мешавад, ҳарчанд ки хониши муаллим қисмати асосии корро бар матн дар ҳамаи синфҳо муайян мекунад.
Зинаи сеюм, азхудкунии мундариҷаи асар, фақат дар зинаи сеюми омўзиш хусусияти мустақилона дорад. Дар синфҳои боло вай бо таҳлили асар якҷоя гузаронида мешавад. Ҳамин тариқ, дар зинаи мазкур яке аз вазифаҳои умумӣ ин аст, ки алоқаи тарафайн бо хонанда барқарор карда шавад. Ба ин васила омўзгор имкон меёбад, ки савияи хониши аввал ва охирро муқоиса кунад. Чунин усул имкон медиҳад, ки таассуроти комили хонанда ҳифз карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё