МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданМасалан, ҳангоми омўзиши шеърҳои ба табиат бахшидашуда мазмуни суолҳо метавонад чунин бошад:
- Шеър ба шумо писанд аст?
- Дар он дар бораи ба чӣ сухан меравад?
- Дар шеър чӣ манзараро дидед?
а) манзара чӣ ранге дошт?
б) оё эҳсос кардед, ки табиат ҳам ҷон дорад?
в) садои табиатро эҳсос кардед? - Баъди хондани шеър чиро эҳсос кардед?
- Чӣ дарде шоирро ба гуфтани ин шеър во доштааст?
- Ба ин монанд шеърро ёд доред?
Зинаи дигари кор бар болои матн, яъне таҳлили асар дар синфҳои поён ва боло гуногун аст. Дар дарси хониши бадеӣ фақат баъзе ҷузъҳои таҳлил-таҳлили махфӣ, ки аввалин тасаввуротро оид ба асари бадеӣ шакл медиҳад, ворид мешавад. Аз синфи 11 сар карда ба таҳлил бевосита имтиёз дода мешавад. Дар синфҳои боло мутобиқи талаботи барнома асар дар контексти эҷодиёти адиб аз назар гузаронида мешавад, ба хонандагон шароит фароҳам оварда мешавад, ки хусусияти асосии ҷинсҳои адабӣ, жанрҳоро шиносанд, қаҳрамони асарро тавсиф карда тавонанд.
Хонандагон дар таҳлили асар фаъол мешаванд, вале муаллим ба онҳо роҳбарӣ карда, онҳоро таҳрир ва такмил мекунад.
Масалан, дар вақти таҳлили порае аз матни очерки Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар синфи 1 диққати асосӣ ба ҳусни тасвири Айнӣ дода мешавад. Маҳорати ў дар тасвири корномаи хуҷандиён бояд нишон дода шавад. Ҳамин тариқ, баъди хондани матн дараҷаи фаъолии тасаввуроти хонандагон муайян мешавад. Хусусияти ҳис ва тафаккури образноки онҳо ошкор мегардад. Хониши матн ҳамроҳ бо суҳбат ва суолу ҷавоб, ки ба дарки мундариҷаи образноки матн нигаронида шудааст, гузаронида мешавад.
Таҳлили матни Садриддин Айнӣ дар синфи 11 бо таҳлили нисбатан амиқ ва комил иваз карда мешавад.
Масалан, ҳангоми таълими ҳикояти «Бозаргон ва тўтӣ» аз «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ ба хонандагон намунаи ҳунари адабӣ будани он ва аз рўи қонунияти ин ҳунар таҳлил кардани онро бояд муаллим фаҳмонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё