Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мундариҷаи дарси роҳнамо аз синну соли хонандагон, жанри асари бадеӣ, вазифаи тарбиявию омўзишӣ, равиши охирини таҳлилӣ, дараҷаи ошноӣ бо назарияи адабиёт вобаста аст.
Дарки асари бадеӣ кори душвор аст, ки ба фаъолияти тафаккури бадеӣ вобастагӣ дорад. Дарси роҳнамо мушкилиҳоеро, ки дар ин роҳ ба миён меоянд, аз байн хоҳад бурд. Тафсир яке аз василаҳоест, ки метавон дар дарси роҳнамо онро истифода кард. Омўзгор масъалаҳои хусусияти ахлоқӣ, зебошинохтӣ, таърихӣ-адабӣ, этнографӣ ва таърихӣ доштаро шарҳ дода, бо ин роҳ хонандагонро ба фаҳмидани матн тайёр мекунад.
Бештар ба он кўшидан лозим аст, ки дарси роҳнамо омил ё худ василаи фаъол кардани тасаввуроти хонандагон гардад.
Адабиёт дарки образноки воқеият аст. Бинобар ин, образҳои осори бадеиро хонандагон бояд дар тасаввурашон эҳё кунанд ва зинда доранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки бе тайёрии пешакӣ дар хонандагон таассуроти аёнӣ ба вуҷуд намеояд.
Агар чунин таассурот ба вуҷуд ояд ҳам, бо матн ва ғояи асар мувофиқат намекунад. Ҳамин гуна дарси раҳнамо барои донистани образҳои тасаввурии шеъри классикӣ муҳим аст.
Намуди асосии дарсҳои раҳнамо барои синфҳои 1-11 суханронии муаллим, суҳбат, кор аз рўи тасвир ва ё маводи намоишӣ, саёҳат, иншои тасвирӣ ва ҳикоят дар асоси мушоҳидаҳои хонандагон мебошад.
Дар синфҳои боло тарзи истифода ва корбурди ин намудҳо дар дарсҳои раҳнамо мураккабтар мешавад. Агар дар дарси хониши бадеӣ суҳбат ва ҳикояти муаллим имтиёз дошта бошад, дар дигар дарсҳои таълими адабиёт ба ҳикояти муаллим унсурҳои лексия ҳамроҳ карда шуда, суҳбат нисбатан пурмазмун ва пурғунҷоиш мегардад.
Паҳлуҳои асосии мундариҷаи дарсҳои раҳнаморо аз назар мегузаронем.

пешина
аз 344
навбатӣ