МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар бораи мундариҷа ва равиши омўзиши асар дар зинаҳои гуногун андешида, набояд фаромўш кард, ки мундариҷа ва усули омўзиши маводро аз бисёр ҷиҳат навъ ва намуди асари бадеӣ низ муайян мекунад.
Дарсҳои муқаддимавӣ. Зарурати дарсҳои муқаддимавиро ҳамчун зинаи аввали омўзиши адабиёт вазифаҳои равоншиносию омўзишӣ ва душвории матни омўхташаванда муайян мекунад.
Дарсҳои муқаддимавӣ ё худ раҳнамо хонандаро ба дарки комили асари бадеӣ омода мекунанд. Агар тайёрии хонандагон барои фаҳмидани матн кифоя бошад, дастурҳои раҳнамо ва шарҳу баст метавонад камтар бошад. Баръакс, агар хонанда ба фаҳмидани матн ба қадри кифоя омода набошад, он гоҳ роҳнамоии ў бештар хоҳад буд. Шарҳу басти пешакӣ хонандаро ба дарки мазмуну ғояи асар, хусусиятҳои бадеии он омода мекунад.
Ҳамин тариқ, вазифаҳои дарси роҳнамо дар вақти таълими адабиёти тоҷик иборат аз инҳост:
• шавқи хонандаро ба омўзиши асар афзудан;
• асосҳои дарки онро ба вуҷуд овардан;
• алоқаро бо осори пеш омўхташуда таъмин кардан;
• бо луғат ва таъбироти душворфаҳм ошно кардан;
• бо муаллиф, ҷаҳонбинӣ ва хусусияти ҷаҳонфаҳмии ў ошно намудан;
• замони таълифи асарро муайян кардан;
• таърихи таълифро хабар додан;
• ҷойгоҳи асарро дар контексти таърихию адабӣ ва эҷодиёти адиб муайян намудан; Дарси мушаххаси роҳнамо фақат аз якчанд ҷанбаъ иборат аст. Дар шароити таълими адабиёти тоҷик дарси роҳнамо метавонад ҳадафҳои зерин дошта бошад:
• фаҳмиши ғоя ва мавзўи асарро осон мекунад;
• шавқангез аст;
• барои дарки матни бадеӣ заминаи муайяни ҳиссӣ ба вуҷуд меоварад; • душвории фаҳмиш ва мушкилоти забониро аз байн мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё