Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар баробар ин, айни замон дар методикаи таълими адабиёти тоҷик, махсусан, асосҳои назариявии каломи мавзун мушкилот ва нофаҳмиҳо ҷой доранд.
Мушоҳида аз муқоисаи китобҳои дарсӣ аён месозад, ки дар онҳо меъёрҳои санҷидашудаи аз содда ба мураккаб равона гардидани фаҳмишу дониши мактабиён на ҳамеша риоя мегардад. Шояд ин раванд аз огоҳ набудани муаллифон аз принсипҳои омўзишу парвариш, асосҳои дидактика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо ва маҳдудияти ҷаҳонбинӣ ва ҳунари эҷодкории онҳо башад. Аз ҷониби дигар, таҳлили барномаи ҷории адабиёти тоҷик (Душанбе, 2007) аз ҷониби мутахассисон равшан сохт, ки дар синфҳои 5-11 омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти 127 адиб пешбинӣ шудааст, ки хеле зиёд аст. Ҳамзамон, таълими эҷодиёти 29 адиб такроран дар синфҳои гуногун зарур дониста шудааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба хонандагон на парвариши ҳусни маънӣ, зебоиписандӣ, завқи адабӣ, балки як навъ тазкираи адабиёт ва адабиётшиносиро пешниҳод кардаем. Матни адабӣ ва маводи назарӣ низ бе назардошти хусусияти синнусолӣ пешниҳод гардида, тақсими соатҳо барои таълими онҳо низ мувофиқи матлаб муайян нашудааст.
Дар китобҳои дарсии адабиёт оид ба хусусияти фарқкунандаи назму наср, оҳангнокии сухан, вазни шеър ва мусиқивияти он, баҳрҳои арўз, мисраъ, байт, ҳиҷо ва хелҳои он, қофия, радиф, жанрҳои адабӣ ва намудҳои он то андозае маълумот дода шудааст. Дар баробари ин, ҳанўз хараҷу мараҷҳо дар таҳияи барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, дастур ва воситаҳои аёнии таълим вуҷуд доранд ва танзими маҷмўи таълимию методӣ ба меъёри муайян надаромада, маълумоти китобҳои дарсӣ ва ҳаҷми муайяншудаи соати таълим чиҳати омўзиши масоили назариявии адабиёт ноқис ва сатҳӣ мебошад.

пешина
аз 344
навбатӣ