Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ислоҳи ин раванди номатлуб дар замони муосир, махсусан, дар даврони ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар боз ҳам бештар аҳамият касб менамояд. Ба андешаи мо, як сабаби асосии коста будани таълими адабиёт дар мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо заъфияти касбии омўзгорони соҳа мебошад, ки аксаран аз назокати забон ва ғановати осори адабӣ бебаҳраанд, ҳатто, оддитарин масоили шинохти каломи бадеӣ: вазн, қофия, радиф ва умуман, мизони шеърро намедонанд.
Дар таълими адабиёти тоҷик шеър қисми асосӣ ва муайянкунанда буда, вазни шеър аз масъалаҳои муҳим ва мушкили тадрис маҳсуб меёбад. Бинобар муҳим ва мушкил будани масоили вазни шеър зарур аст, ки мухтасар оид ба низом, хусусият ва табиати вазни шеър маълумоти мухтасар пешниҳод намоем.
Дар адабиёти қадим вазн таносуби мувақатии мисраъҳо буда, баъдтар дар асрҳои миёна мизони оҳангнокии каломи мавзун, ки дар асоси зада, миқдори ҳиҷо ва қофия сурат мегирфт, фаҳмида мешуд. Дар замони муосир ҳар як ҷинси адабӣ аломатҳои хоси худро дорад. Дар ин радиф вазн аломат ва хусусияти асосии каломи мавзун буда, шакли асари бадеӣ ва фарқияти байни назму насрро муайян мекунад. Асолат, таърихи пайдоиш, навъҳо ва моҳияти вазни шеърро наомўхта, аз худ кардани осори адибон, мушкилоти назм ва шеър имконнопазир аст. Ҳамзамон, хониши муассир ва балоғати суханварӣ низ ба фаҳмиши анвоъи улуми сегонаи адабӣ-арӯз, қофия ва бадеъ алоқаманд аст.
Вазн аломати асосии каломи мавзун буда, низому таносуби махсус дар савту ҳиҷоҳои шеър аст. Шиносоӣ ба табиати вазн ва хелҳои он, оҳангнокии шеър, навъҳои ҳиҷо, қофияву радиф, шаклҳои жанрҳои адабӣ ва монанди инҳо маҳз аз донистани вазн оғоз ёфта, минбаъд такмилу тақвият меёбад.

пешина
аз 344
навбатӣ