Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фа- ӯ – лун (у - - ) 6. Ма-фо-и-ла- тун ( у –у у - ) 7. Му-та-фо-и- лун (уу –у -) 8. Фо-ъ(и)- ло- тун (- у - -) 9. Мус-таф-ъ(и)- лун (- - у -) Баъдтар донишманди дигари араб Ҳасан ибни Ахфаш рукни фо-и-лун-ро кашф намуд ва теъдоди аркони арўзро ба
10 расонид.
Бо мурури замон теъдоди аркони арӯзӣ аз ҷониби донишмандони Араб ва Аҷам афзоиш ёфта, то ба 350 расидааст.
Дар вазни арӯз ҳиҷо мақоми асосӣ ва муайянкунанда дошта, шинохти вазн ба муайянкунии ҳиҷоҳо вобастагӣ дорад.
Дар назмшиносӣ ҳарфҳоро ба ду гурӯҳ: садонок (мусавват) ва ҳамсадо ҷудо намудаанд:
1.Садонокҳои кӯтоҳ: а, и, у.
2. Садонокҳои дароз: о, ӯ, ӣ.
Ҳиҷоҳо дар вазни арўз ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: кӯтоҳ, дароз, кашида (ё якунимҳиҷогӣ). Дар баробари ин ҳиҷоҳои кӯтоҳ ду навъ доранд:

  1. Як садоноки кӯтоҳ: а, и, у. Мисол: а-ро-ба, и-до-ра, у-мед.
  2. Як ҳамсадо ва як садоноки кӯтоҳ дар охир. Мисол: та-воно, би-хандид, бу-вад.
    Ҳиҷоҳои дароз чор навъ мешаванд:
  3. Як садоноки кӯтоҳ: о-зод, э-раҷ, ӯ-рун.
  4. Як ҳамсадо як садоноки дароз дар охир: но-дир, сӯ-зон, бе-дор.
  5. Ду ҳамсадо ва як садоноки кӯтоҳ дар мобайн: рав, дил, тез, бин, дар, гул, нур, шед.
  6. Як садоноки кӯтоҳ ва як ҳамсадо дар охир: ин-сон, ан-деша, ус-мон.
пешина
аз 344
навбатӣ