МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Рукни аввали мисраи якуми байт - садр, рукни аввали мисраи дуввуми байт - ибтидо, рукни охири мисраи якуми байт-арӯз, рукни охири мисраи дуюми байт – зарб ё худ аҷз ва рукнҳои байниро ҳашв меноманд. Мисол:
Эй сор-бон/ ко-ҳис-та рон /ко-ро-ми ҷо/-нам ме-ра- вад, (садр) (ҳашв) ( ҳашв) (арӯз) Он дил-ки бо/-худ дош-там/ бо дил-си-то/-нам ме-ра-вад.
(ибтидо) (ҳашв) ( ҳашв) ( зарб ё а ҷз) Аз рӯи қоидаҳои вазни арӯз аломатҳои шартии ин байт чунин аст:
-
- У - / - - У - / - - У - / - - У - /
-
- У - / - - У - / - - У - / - - У - /
Дар баробари ин, дар байт вобаста ба миқдори рукнҳо вазн тағйир меёбад. Агар байт аз 8 рукн иборат бошад- мусамман (ҳаштгона), аз 6 байт иборат бошад- мусаддас (шашгона), аз 4 рукн иборат бошад - мураббаъ (чоргона), аз ду рукн иборат бошад – мусанно (дугона) номида мешавад. Бинобар ин, байти боло баҳри раҷази мусаммани солим аст, зеро дар баҳри раҷаз (мустафъилун /–У - -/) эҷод шуда, аз ҳашт рукни солим иборат аст.
Ҳамчунин, ҳангоми ба рукнҳо ҷудо кардани байт хониши он дақиқназарона бояд гузаронида шавад. Дар хониши шеър як тартиби муайян ва махсус ба оҳанги шеър алоқаманд аст.
Дар чунин навъи хониш истҳои мантиқӣ ба риояи маънои калимаҳо вобаста набуда, як пораи ҷудогонаро дар бар гирифта, ҳудуди рукнҳоро муайян мекунад.
Дар омӯзиши назм аз худ намудани мушкилоти тактеъ ва рукн, қоидаҳои зиҳофат, баҳрҳои аслӣ ва фаръии арӯз, қофия ва радиф, задаи мантиқӣ, анвоъи шеър, балоғат ва фасоҳати калом, санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳангоми хондани шеър муаллими огоҳ дар баробари ба ташбеҳу тавсифҳо эътибор додан бояд ба танини фиқраву мисраъҳо низ эътибор диҳад.
- У - / - - У - / - - У - / - - У - /

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё