МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Муаллиме, ки вазни арўз ва қавоиди онро намедонад, бешак, дар хониши бадеии муассир (шеър) муваффақ намешавад. Барои мисол, муаллиме, ки вазни шеърро намедонад, байти зерро равону фасеҳ хонда наметавонад. Ҳол он ки агар мо ин суннати хонданро риоя карда натавонем, дар ин равиши хониш ҳеҷ вақт комёб нахоҳем шуд:
Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.
Агар вазни арўзро риоя кунем, ин байти Саъдиро на ба тарзи «тоат он», балки ба сурати «тоъатон» ва «пеш ор»-ро ба сурати «пешор» талаффуз бояд кард. Пас аз он ки байтро дурусту фасеҳ хондем, бояд талаффузро возеҳ бинависем. Ба таъбири дигар, дар таъмини вазни шеър бояд хатро то мумкин аст, ба сурати малфуз наздик кард. Ин хат хатти арўзӣ номида мешавад. Бинобар ин, ба омӯзгорон ва толибилмон тавсия дода мешавад, ки аз дастурҳои таълимию
1 методӣ истифода намоянд.
Аз таҳлил ва мушоҳидаҳо бармеояд, ки барои хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ, донишҷуёну толибилмон ва омўзгорони соҳаи адабиёт аз худ кардани мавзўъ ва масоили гуногуни фановарии адабиёт муҳим ва зарур мебошад. Бинобар ин, намунаи мавзўъ ва масъалаҳои назариявии таълим адабиётро вобаста ба синфҳо чунин муайян намудан мумкин аст:
1
Нигаред ба дастур ва рисолаҳои С.Давронов. Омӯзиши вазни шеъри тоҷикӣ, -
Душанбе, Маориф, 1992. Зеҳнӣ Т. Санъати сухан.- Душанбе, Ирфон, 1979. Тоиров
У. Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам.Д., Маориф, 1991. Таҳқиқ ва таълими
арӯз,Д., Дониш, 1995. Шарифов Х. Каломи бадеъ. Д., 1992. Б. Сирус. Арӯзи
тоҷикӣ. Д., 1963. Тақии Ваҳидиёни Комёр «Фунун ва саноеъи адабӣ», Душанбе, Синфи 5.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё