Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Б. Сирус. Арӯзи тоҷикӣ. Д., 1963.

БОБИ 6

РАВИШ, УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ ТАЪЛИМУ
ТАҲЛИЛИ АДАБИЁТ
Равиш барои таъйиди ҳақиқат, кушодани роҳҳои дарки мустақилона ва роҳбарии фаъолияти фардии маърифатгарии хонанда хидмат мекунад. Равиш мафҳуми умумиилмӣ буда, муваффақияти истифодаи он дар назария ва амалияи омўзиш бо он муайян карда мешавад, ки то чӣ андоза мазмуни истифодаи он дар шароити мушаххаси омўзишӣ қобили қабул аст.
Ҳангоми муносибати ягонаи умумии равишшиносӣ ба назарияи равишии омўзиш моҳияти ин мафҳум, алоқаи он бо мундариҷа, ҳадафҳо ва фароянди таълим ба тарзи гуногун ошкор карда мешавад. Дар равиши таълими адабиёт таснифоти гуногуни усулҳо, ҳамгироии фаъолияти хонанда ва омўзгор, алоқаи мутақобилаи назарияи умумии равишҳо ва имконпазирии истифодаи он дар таҷриба дар назар аст.
Дар ҷараёни таълими адабиёт, пеш аз ҳама, таносуби амали равишшиносӣ бо махсусияти ғоявию зебоишинохтии мавод ниҳоят муҳим аст. Ташкили хониш, баёни ахбори адабию таҳлилӣ нақлу суҳбатҳо бо хонандагон, таҳияи хониши муассир, иҷрои машғулияти мустақилона, корбасти намудҳои гуногуни ҳунар, аз махсусиятҳои асар (наср ё шеър, роман ё ҳикоя, шеъри лирикӣ, масал, достон, ҳаҷв, драма ва ғайра), ҳисоби дониш ва малакаи хонандагон, истифодаи воситаҳои гуногуни ба эътидоловарии фаъолияти таълимӣ вобаста аст.
Дар истифодаи равиши таълими адабиёти тоҷик бояд хусусияти хоси миллӣ ва халқӣ ба ҳисоб гирифта шавад.
Дар таносуби амалии равиши таълими адабиёт ҳаҷми барномаи таълимӣ ба назар гирифта мешавад, ки санъати сухан, ҳадафи таълим, сарчашмаи иттилоот, хусусияти хоси амалиёти мутақобилаи омўзгору хонанда ва ғайра ҷузъи мундариҷаи он мебошад.
Усулҳое, ки омўзгори забон ва адабиёт дар таълими ин фан ба он такя мекунад, қонунияти раванди омўзиш, тарбия ва ташаккули тафаккури хонандагонро дар ҷараёни дарки адабиёт ифода менамояд. Маҳз равандҳои муфиди ин ҷараёнро муаллими доно ва ботаҷриба муайян ва роҳбарӣ мекунад. Дар ин ҳол сухан аз низоми усулие меравад, ки тамоми фаъолияти омўзгор ва хонандагонро дар бар мегирад.
Усулҳо ҳангоми интихоби мундариҷаи фанни омўзишӣ ва ҳам ҳалли ҳамаи масъалаҳои таълим амал мекунанд.
Омўзгори адабиёт бояд на фақат аз рўи кадом усулҳо фаъолият карданашро донад, балки эҳсос кунад, ки онҳо ба талаботи мактаб ва ҳадафҳои миллӣ ҷавобгў бошанд ва эҳтиёҷоти ҷомеаи имрўзро бароварда тавонанд.
Баъзеи чунин усулҳоро ба таври мушаххас зикр мекунем.
• Ҳадафмандии миллӣ.

пешина
аз 344
навбатӣ