Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

• Илмият.
• Таърихият.
• Тааллуқоти миллӣ.
• Ягонагии шакл ва мундариҷа.
• Муназзамӣ.
• Мақоми роҳнамоии омўзгор дар фаъолияти ақлонӣ ва фаъоли хонандагон.
• Дастрасӣ.
• Аёният.
• Устуворӣ ва таъсирбахшии натиҷаҳои омўзиш.
• Пайванд бо зиндагӣ, меҳнати садоқатмандона, фаъолияти амалӣ.
• Махсусияти миллии забон ва адабиёти тоҷик.
Ҳар кадоме аз ин усулҳоро аз нигоҳи мақоми онҳо дар низоми таълими адабиёт аз назар мегузаронем.
Консепсияи мактаби миллӣ усули ҳадафмандии миллиро барои ҳамаи фанҳо, аз ҷумла адабиёт вазифаи аввал медонад.
Амалӣ намудани ин усул ба ташаккули шахсияте, ки муборизаи фаъоли роҳи худшиносии миллӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати халқҳои кишвар бошад, мусоидат менамояд.
Устуворӣ ва абадияти фазои маънавӣ ва сиёсии ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба иҷрои ҳамин ҳадафҳои вобастагӣ дорад.
Маълум, ки таълими адабиёт дар мактабҳои мо сиёсӣ нест. Вале асли адабиёт, ки маънавиёт ва шакли шуури иҷтимоъ буда, ҷузъи ҳастии инсон аст, таъсири он ба фарояндҳои ҳаёти инсон ва ҷомеа нақшгузор мебошад.
Бинобар ин, бояд дар назар бигирем, ки мактаби миллӣ, пеш аз ҳама, бо ҳадафҳои якмароми миллӣ боиси пешрафти миллат, шукуфоии кишвар ва устуворию бақои давлат гардад. Адабиёт ҳастии маънавии миллатро ифода мекунад ва бақою пешрафти адабиёт ба саъйи фарзандони миллат вобастагӣ дорад. Аз ин мавқеъ, фақат адабиёти тору пудаш бо ормонҳои халқ танида шуда, аҳдофи миллӣ дошта метавонад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ барои ҳама эронинажодон ҳамосаи миллӣ буда, падидаи бузурги на фақат фарҳангию адабии ориёнажод, балки тамоми ҷаҳони мутамаддин аст.

пешина
аз 344
навбатӣ