МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хондани имрўзаи осори бадеӣ, дуруст хондани он, ба ёд овардани осори қаблан хондашуда, хонандаро аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ сохта, ба вай ёрӣ мерасонад, ки ба ҳаводиси зиндагӣ баҳо диҳад ва дар ҳама ҳол оид ба ин ё он иқдом тасмими дуруст гирад.
Адабиёт имкон медиҳад, ки худро дар ҷўши ҳама гуна вазъият тасаввур карда, дар вақти зарурат ҳамроҳ бо қаҳрамонони асари бадеӣ доир ба рафтори онҳо биандешад.
Ҳамроҳи қаҳрамони ғиноӣ эҳсоси амиқ ва хушро аз сар гузаронад.
Хонанда бо мушкилоти гуногуни зиндагии инсон шинос мешавад. Дар ин сурат на фақат оид ба ҳодисаҳое, ки вай дар саҳифаҳои асари бадеӣ ба он рў ба рў шудааст ва тасмими мушаххас дорад, балки худи мушкилоти табии зиндагӣ ўро ба гирдоби худ мекашанд ва ҳалли онҳо шояд ба қимати ҳаёт баробар бошанд. Яъне, адабиёт ба дарки мушкилоти беохири зиндагӣ ёрии амалӣ мерасонад.
Умуман пайванди адабиёт ба зиндагӣ имконият фароҳам меоварад, ки хонанда ғановат ва мушкилоти ҷаҳони пуртазодро дарк кунад. Адабиёт хонандаро ба доштани мавқеи фаъол дар зиндагӣ муътақид месозад, неруи мардонагӣ ва донишдўстӣ мебахшад, ўро ба рафъи ҳама гуна душворӣ мутмаин месозад.
Ҳамаи усулҳои номбаршуда барои таълими адабиёти тоҷик муфид ва корсозанд. Вале барои таълими адабиёт дар мактабҳои миллии мо усули умумият ва махсусияти забон ва адабиёти миллӣ авлавият дорад. Моҳияти ин усул аз он иборат аст, ки дар вақти омўзиши адабиёт хусусияти хоси фазои фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ошкор сохтани диди хоси бадеӣ ва ҷаҳоншиносии адибон, меъёрҳои ахлоқӣ, воситаҳои тасвири бадеӣ ва ғайра аз василаҳое мебошанд, ки махсусияти адабиётро таъйин менамоянд. Дар ин замина ҳодисаҳои адабие чун мавзўъ ва сабк бояд дақиқан ошкор шаванд. Махсусияти ин мушкилот ва фароянди он дар адабиёти тоҷик дар шинохти хусусиятҳои хоси адабиёт ёрӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё