Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Чӣ қавме, ки ҳосил ба фазли монанд,
Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.
Камолу фану ҳикматам сарзаниш,
Намоянд аз нуқси худ ҳар куҷо.
Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд,
Зада шоҳ, ҷӯянд таҳқири мо.
Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,
Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.

Бояд гуфт, ки Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин муттафаккирони тоҷик буда, дар таърихи тамаддуни башарият тавассути асарҳои бемислу монандӣ илмию адабии фарогирандаи ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ мақоми басо муҳим касб кардааст. Аз ин хотир зарур шуморидем, ки барои Шумо хонандаи азиз, чанде аз рисолаҳои адабии донишмандро, ки бевосита ба мавзӯи роҳбарӣ тааллуқ доранд, пешкаш намоем. Инчунин, зарур мешуморем, ки бахше аз ин рисолаҳо ҳамчун панднома дар бобҳои дигари китоб низ ёдоварӣ намоем.

РИСОЛАИ ТАДБИРИ МАНЗИЛ.1

Имтиёзи инсон

Худованди қодири мутаол хасоисе аз неъматҳои худро ба бани навъи инсон ихтисос дода, ба сабаби онҳо мақоми одамиро дар миёни коинот аз бисёре аз махлуқоташ бартору болотар намудааст.

Дар асари ин имтиёзу бартарӣ вуҷуди башар зеботарин махлуқ шуда ва табиаташ комилтарин табоеъ гашта ва таркибаш мӯътадилтарин таркиб шудааст.

Зиндагии одамӣ ба сабаби ин мазоё беҳтарин ва пурнеъматтарин зиндагонӣ шуда ва кӯшишу саъйаш дар саҳнаи зиндагӣ бар тибқи ақлу басират, ки мояи нерӯмандӣ ва тавоноӣ аст, сурат гирифта ва бо одоби ҳасана ва ахлоқи карима ва малакоти фосила, ки мӯъҷиби ҷамолу зебоӣ ва асбоби зебу зиннати одамӣ аст, мувофиқу мунтабиқ гардидааст.

1 Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷилди 2, Душанбе, «Ирфон», 1983, - 560с.

пешина
аз 566
навбатӣ