Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Зи касби даст набвад ҳеҷ оре,
Беҳ аз мақсад набошад ҳеҷ коре.
Дар байти боло овардашуда Носир касби ҳунармандиро низ баробари касби деҳқонӣ ҳалолу тозаю озода номида, аз шахси ҳунарманд Худою халқ ризо аст гӯён, таъкид месозад.
Дар баробари ин амалдорон, роҳбарону амирони камсаводу ҷоҳил ва золиму бадкирдору порахӯру беадолати замонашро сахт танқид намудааст:
Чӣ нохуб аст дидори бузургон, Шудан чун Юсуф андар чанги гургон.
Ҳама худ бадтар аз Фиръавни мағрур, Чу Намруд аз пари як пашша ранҷур.
Гурги дарранда гарчӣ куштанӣ аст,
Беҳтар аз мардуми ситамгор аст.
Аз бади гург растан осон аст,
В-аз ситамгар сахт душвор аст.
Гург молу зиён ту бихӯрад,
Гурги сабъи ту миру бундор аст.
Дар ақидаи Носир охирин офариниши табиӣ инсон аст, ки ҷисми ӯ низ аз унсурҳо ва наботот таркиб ёфтааст. Дар боби «Дар сифати камоли банӣ одам»
ҷаҳонро ба дарахт ва инсонро ба меваҳои он ташбеҳ дода, дар мисоли меваҳои ширин, хушбӯй, бомазза, ва норасидаю дорои маззаҳои ногувор дар бораи гуногунии хислати одамӣ сухан гуфтааст, ки бо ин восита тасаввури ӯ дар бораи чӣ гунагии инсон маълум мегардад:
Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем, Ки хуррам аз дарахти ӯ бароем.
Зи бӯи лаззати хуш меваҳоро, Шараф бошад чунон к-аз ақл моро.
Машав чун меваҳои норасида, Сақат ҳаргиз набошад чун газида.
Сақат бошад ар ин боғ он чӣ оманд, Ҳакимон меваҳои хуштаъоманд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё