Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ, ки некӯтарин ва писандидатарини мардумон бошӣ, он чи ба худ написандӣ, ба касе написанд».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ, ки аз шумораи додгарон бошӣ зердастони худро ба тоқати хеш некӯ дор».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ аз шумораи озодмардон бошӣ, тамаъро ба худ роҳ мадеҳ ва дар дил ҷой мадеҳ».......

Андар тартиби пирӣ ва ҷавонӣ

Эй писар, ҳарчанд ҷавонӣ, пирақл бош. Нагӯям, ки ҷавонӣ макун, валекин ҷавонӣ хештандор бош ва аз ҷавонони пажмурда мабош, ки ҷавонӣ шотӣр некӯ бувад. Чуноне, ки Арастуи Ҳаким гуфт: «Ҷавонӣ навъе аз девонагист».

Ва низ аз ҷавонони ҷоҳил мабош, ки аз шотӣри бало нахезад ва аз ҷоҳили бало хезад ва баҳраи хеш аз ҷавонӣ ва ҳасби тоқаТ бардор, ки чун пир шавӣ, худ натавонӣ. Чунон, ки он пир гуфт, ки «Чандин сол хира ғам хурдам, ки чун пир шавам, хубрӯён маро нахоҳанд. Акнун ки пир шудам, ман эшонро намехоҳам».

Ва ҳарчанд ҷавон бошӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ аз марг эмин мабош, ки марг на ба пирӣ бувад ва на ба ҷавонӣ.

Ҳарчанд биярзӣ ва пурҳунарӣ, аммо бо пирони нопойбарҷой манишин, ки сӯҳбати ҷавонони побарҷо беҳ аз сӯҳбати пирони нопойбарҷой. Ва то ҷавонӣ, ҷавон бош ва чун пир шудӣ, пирӣ кун, ки дар пирӣ ҷавонӣ назебад. Чунон, ки дар ҷавонӣ низ пирӣ кардан назебад.

АБУҲОМИД МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ
(1056 – 1111)

Абуҳомид Муҳаммад дар маҳаллан Ғазоли Тӯс таваллуд шудааст. Ӯ дар Нишопур мадрасаро хатм кардааст ва дар мадрасаи «Низомия» - и Бағдод ба ҳайси мударрис кору фаъолият намудааст. Асари пурарзиши ӯ «Кимнёи саодат» то замони мо расидааст ва ақидаҳои иқтисодии ин донишманд дар он хеле равшан дарҷ гардидааст. Ӯ оиди андозу андозбандӣ, сиёсати идораи давлатӣ ва

пешина
аз 566
навбатӣ