Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
умуман одоби роҳбарию тиҷорат маслиҳатҳои хеле муфиди илмиро пешниҳод дорад. Дар баробари он Ғазолӣ нозукиҳо ва моҳияти касбу касбомӯзиро дар инкишофи иқтисодӣ хеле хуб баҳо дода, тарафдори тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва инкишофи тиҷорат мебошад. Чунончӣ менависад: «Инсон наметавонад ба танҳоӣ тамоми ниёзҳои худро бароварад. Робита ба одамон зарурати айни ҳол аст, зеро сабабҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ боиси он мегардад, ки як кишвар дорои манобеи саршори табиӣ ва иқлими мусоид бошад, дигаре аз ин бартариҳо маҳрум, вале соҳиби илму фарҳанг ва қувваи корӣ ва ҳунарҳои пешрафта ҳастанд. Аз ин рӯ, тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ роҳи маъмули қонеъгардонии эҳтиёҷоту ниёзмандиҳо мебошад»
Бинобар ақидаи ӯ барои рушди босуръати тиҷорат вуҷуд доштани се омил шарт ва зарур мебошад:
- Харидору фурӯшанда.
- Моли ба талабот ҷавобгӯ.
- Муҳити тиҷоратӣ.
Ақидаи ҷадиди Ғазолӣ дар он аст, ки ӯ дар навбати аввал ба ҳалолии мол, баъдан фоида гирифтан аз онро таъкид сохта, илова менамояд, ки сеюм молро бояд соҳибаш фурӯшад ва чорум он ки моли мавҷудбударо фурӯшад.
Бояд гуфт, ки дар замони Ғазолӣ дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ба низом даровардани системаи идорӣ ва роҳбарӣ аз усулҳои мазҳабӣ ва ахлоқӣ хеле зиёд истифода мекарданд. Эҳтироми касбу тиҷорат, тоҷиру бозаргон ва косибу кишоварз аз рӯи талаботи шариати ислом ба низом дароварда мешуданд. Аз рӯи ақидаи Ғазолӣ «санги тарозу бояд дақиқ буда дар вақти тиҷорат тоҷирон бояд қасам нахӯранд, фоидаи аз инсоф берун нагузоранд, моли нуқсондорро нафурӯшанд ва дар тиҷорат нишони ҳашутаборӣ истифода накунанд».
Саҳми Ғаззолӣ дар илми сарварӣ пеш аз ҳама дар тадқиқоти ӯ оиди «Сирри хазинаи дил» мақоми олӣ дошта, ӯ аз нигоҳи динию мазҳабӣ ва рӯҳиявию тарбиявӣ исбот намудааст, ки инсонҳо дорои қобилияти баланди дарки муҳит мебошанд ва метавонанд барои худ зиндагонии хуб таъмин созанд. Дар ин асари бузург Ғаззолӣ ба хислату рафтори шахсиятҳо, ки дар менеҷмент мақоми аввал доранд, диққати махсус дода менависад, ки «Некдилон ба биҳишт мераванд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё