Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
....Некдил шахсе аст, ки нисбати хеш ва нисбати дигарон низ некбин бошад». Дар мавриди дигар оид ба шахсони мутакаббир менависад: «Касе ки дар ин дунё такаббурӣ мекунад, дар он дунё Худо ӯро бо қаҳру ғазаб пешвоз мегирад»1.
НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ
(1135 - 1213)
Шоири достонсарои форсу тоҷик Низомии Ганҷавӣ дар асри XII-XIII дар Эрону Озарбойҷон умр ба сар бурда, дар инкишофи хирад ва андешаронии стратегии роҳбарӣ аз нигоҳи хирад ва худшиносии инсон ҳамчун як олами боарзиштарини ҳастӣ дар рӯи замин, роҳи махсуси фалсафии худро дорад ва ӯ ба мо осори бузургеро боқӣ гузоштааст, ки қобили омӯзиш ва истифода дар фаъолияти менеджмент мебошад.
Маснавӣ ва достонҳои шоир, ки тасвири зиндагонии ширини инсонӣ ва роҳбарии подшоҳону амирони даврони гуногун мебошанд, ақидаи иҷтимоии шоирро муайян сохтаанд. Махсусан, асарҳои «Маҳзан ул-асрор», «Искандарнома», «Ҳикояи Нушервон ва Бузургмеҳр» аз «Ҳафт пайкар» мавқеи ақидаҳои иҷтимоӣ ва адолатхоҳии шоирро пурра таҷассум менамоянд.
Шоир ҷонибдори адолатхоҳӣ ва аз байн рабудани зулму золимӣ он аст, ки тавассути ашъораш подшоҳони золимро рӯйрост мазаммат намуда, онҳоро ба адлу инсоф, бо роҳи ақлу хирад обод кардани давлат даъват менамояд:
Расми ситам нест ҷаҳон ёфтан,
Мулк ба инсоф тавон ёфтан.
Ҳар чӣ на адл аст, чӣ додат диҳад,
В- он чӣ на инсоф, ба бодат диҳад.
Ақл баширест, хирад шод кун.
Коргарӣ? Мамлакат обод кун!
Ҷаҳонбинии Ганҷавӣ фалсафаи «Калом» буда, пайрави ақидаи исломии воҷибулвуҷуд ва мумкинлувуҷуд мебошад. Офаридгори олам танҳо Худоро дониста, онро ба кас ва шакли дигар қабул надорад:
1 Ал-Газали, Абу Ҳамид. Исследование сокровенних тайн сердца. Пер. с арабского. - М. Из-во дом «Ансар»
- 2006. - 472с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё