Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳастии ту сурату пайванд не,
Ту ба касу кас ба ту монанд не.

Шинохташавандагии оламро тариқи хирад тарафдорӣ намуда, худ аз аҳли оламӣ тасаввуф мебошад:

Мабин дар нақши гардун, к-он хаёл аст,
Кушодан банди ин мушкил муҳол аст.
Маро бар сири гардун раҳбарӣ нест,
Чунон донам, ки ин раҳ сарсарӣ нест.

Ҳастии Худоро Низомӣ ақидаи мутлақ ҳисобида, зидди мазҳаби оташпарастӣ мебошад ва ин ақидаро дар номаи Муҳаммад (с) пайғамбар, ки ба Хусрави Парвиз фиристода буд, ифода намудааст:

Зи табъ оташ парастидан раҳо кун,
Биҳишти шаръ бин, дӯзах раҳо кун....
Маҷусиро маҷас пурдул бошад,
Касе, к-оташ кунад, Намруд бошад.

Низомӣ ба мазҳабҳо ҷудо кардани дини исломро намеписандад ва мавқеи асосиро ба инсондӯстию халқпарастӣ дода, онро роҳи ягона медонад:

Раҳе дорам ба ҳафтоду ду ҳинҷор,
Аз он як раҳ гулу ҳафтоду як хор.

Мо ба Шумо хонандаи азиз, аз маснавии «Маҳзан-ул-асрор» (хазинаи сирҳо), ки дар ҳудуди 2260 байт навишта шудааст, пораҳо ҳамчун намуна пешниҳод карда боварӣ дорем, ки он дар инкишофу ҷаҳонбинӣ ва хиради роҳбариатон кӯмак мерасонад.

Маснавии «Маҳзан-ул-асрор» аз 20 мақолат иборат мебошад, ки равандҳои гуногуни тарбия ва хиради роҳбариро дар бар гирифтааст:

Мақолати аввал «Дар баёни санъати офариниши одам». Дар ин мақолат шоир Инсонро офаридаи Худо шуморида, ӯро ба вафою худшиносӣ ва аз бадиҳои зулм эмин будан даъват кардааст:

Зулм раҳо кун ба вафо даргурез,
Халқ чи бошад, ба Худо даргурез.

пешина
аз 566
навбатӣ