Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақолати дуввум «Дар муҳофизати адл ва нигоҳ доштани инсоф». Адлу инсофталабӣ аз роҳбарон ба зердастон дарҷ ёфта, бо тасвири ҳикояҳо аз Нушервони одил фикрашро баён кардааст:

Роҳати мардум талаб озор чист,
Ҷуз ҳиҷили ҳосили ин кор чист.

Мақолати сеюм «Дар ҳаводиси олам ва инқилоби умури он». Дар ин мақолат шоир дар бораи аз азал тағйирёбанда будани кори ҷаҳон андешаронӣ намуда, аз ин рӯ мардумро ба худшиносӣ ва хоксорӣ ҳидоят намудааст, ки аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошта, дар навбати аввал ба соҳибони молу ҷоҳу мансаб нигаронида шудааст.

Як нафас, эй хоҷаи доманкашон,
Остине бар ҳама олам фишон!
Давлати дунё, ки таманно кунад,
Бо ки вафо кард, ки ба мо кунад?
Хок шуд он кас, ки дар ин хок зист,
Хок чӣ донад, ки дар ин хок чист.
Ҳар вараҳе чеҳраи озодаест,
Ҳар қадаме фарқи маликзодаест.
Гаҳ малику ҷонваронат кунанд,
Гоҳ гилу кӯзагаронат кунанд.

Низомӣ таъкид бар он мекунад, ки дунё абадӣ буда, танҳо умри одамӣ омаду рафтан дорад ва бевафоии дунёву золимии чарх ҳамоно идома дорад.

Соли ҷаҳон гарчи басе даргузашт,
Аз сари мӯяш сари мӯяш нагашт.
Хок ҳамон хасми қавигардан аст,
Чарх ҳамон золими гарданзан аст.
Мо, ки ҷавонӣ ба ҷаҳон додаем,
Пир чароем? к - аз ӯ зодаем.

Ё дар ҷои дигар оиди мағрур нашудан ба моли дунё, ки бештар сабабгори коста гаштани ахлоқ мегардад, гуфтааст:

Мулк раҳо кун, ки ғурурат диҳад,
Зулмати ин соя чӣ нурат диҳад.

пешина
аз 566
навбатӣ