Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ғофил будан на зи фарзонагист,
Ғофилӣ аз ҷумлаи девонагист.
Маърифат аз одамиён бурдаанд,
В — одамиёнро зи миён бурдаанд.
Бо нафаси ҳар кӣ даромехтам.
Маслиҳат он буд, ки бигрехтам.

Дар мақолати чорум золимӣ ҳамчун хислати ноҷавонмардӣ мазаммат шуда, соҳибони мулкро ба адлу дод, ки ягона роҳи обод намудани хонаи фардон ҳар кас мебошад, даъват менамояд:

Кам зану кам гӯй, ки кам аз занӣ!
Чанд кунӣ даъвии мардафканӣ?
Додгарӣ шарти ҷаҳондорияст,
Шарти ҷаҳон баски ситамгорияст.
Ҳар ки дар ин хона шабе дод кард,
Хонаи фардон худ обод кард.

Ғанимат шуморидани айёми ҷавонӣ ва талхиИ даврони пириро дар ин умри кӯтоҳи одами Низомӣ дар мақолати панҷум овардааст:

Фориғӣ аз қадри ҷавонӣ, кӣ чист,
То нашавӣ пир надони кӣ чист.
Гарчи ҷавонӣ ҳама худ оташ аст,
Пирӣ талх асту ҷавонӣ хваш аст.
Айби ҷавони напазируфтаанд,
«Пириву сад айб» чунин гуфтаанд.

Мақолати шашум оиди мавҷудоти олам ва илм буда, шоир ишора менамояд, ки ин дунё барои инсонҳо офарида шудааст ва лаззат бурдан ва дӯстдории он ба худи шахс вобаста аст, чунки ҷисми инсон, ки барҳам хӯрд, рӯҳи ӯ ба олами илоҳӣ пайваст мегардад. Бинобар ин, таъкид менамояд, ки ҳар кас худро шиносад ва мувофиқи хости дили худ амал намояд:

Чун гузарӣ э — ин ду се даҳлези хок.
Лавҳи туро аз ту бишӯянд пок.
Хатми сафедиву сиёҳи шавӣ,
Маҳрами асрори Илоҳи шавӣ.

пешина
аз 566
навбатӣ