Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бандаи дил бош, ки султон шавӣ,
Хоҷаи ақлу малики ҷон шавӣ.
З-аҳли вафо ҳар ки ба ҷое расид,
Бештар аз роҳи аное расид.

Мақолати ҳафтум дар мартабаи одамӣ бар ҷумлаи ҷонварон аст. Дар ин боб инсон ҳамчун зеботарин офаридаи Худо ба қалам дода шудааст:
Эй ба замингар чу фалак нозанин, Нозкашат ҳам фалаку ҳам замин.


Ҷонвароне, ки ғуломи туанд,
Мурғи алафхораи доми туанд.


Риштаи ҷон бар ҷигарат бастаанд,
Гавҳари дин бар камарат бастаанд.


Дар дигар ҷо Низомӣ таъкид мекунад, ки ободӣ ва харобшавии кишвар аз одам вобаста аст ва ӯ бояд нафсро зери фармони худ қарор дода, ба ҳақиқатҷӯй ҷаҳду талош намояд:
Неку бади мулк ба кори туанд, Дар баду нек оинадори туанд.


Гар нафасе нафс ба фармони туст,
В-он ба ҳақиқат, ки биҳишт они туст.

Дар мақолати ҳаштум Низомӣ оид ба бузургии ақл сухан гуфта, қувваи ақлро аз ҳама қувваҳои инсонӣ баланд ва танзимгари фаъолияти инсонӣ меҳисобад ва ишора менамояд, ки аз ҳирсу тамаъ дар канор буда, парҳезкор бошанд:

Кам хӯру бисӯри роҳат нигар,
Беш хӯру беш ҷароҳат нигар.
Ақли ту бо хӯрдани ту озор дошт,
Ҳирс туро бар сари ин кор дошт.

пешина
аз 566
навбатӣ