Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Ростӣ он ҷо, ки алам барзананд,
Ёрии ҳақ даст ба ҳам дарзананд.
Мақолати понздаҳум ва шонздаҳум оиди илм ва ҳунару ҳунармандӣ ва саховатмандӣ буда, шоир таъкид ба тағйирёбандагии ҳолату вазъияти одамӣ карда, ҳатман дар ҷавонӣ инсонҳоро ба аз худ намудани касбу ҳунару илму дониш даъват менамояд. Ӯ фазилати шахсро дар илму ҳунар дида, ҷонибдори рафтори ҳамидаи шахси боҳунару донишманд мебошад. Шахсони камсаводу мағрур ва гуфтори бемантиқро, ки аз камҳирадии шахс огоҳӣ медиҳад, маҳкум карда, ҳалимию меҳрубониро аз хислатҳои бузурги ҳирадмандии ҳар як фард ва ҳар як роҳбар меҳисобад ва ишора менамояд, ки гиреҳи ҳама бандҳоро танҳо тавассути илму дониш метавон кушод:
Худманишӣ — кори ҳалақ кардан аст,
Хазмии худ ёрии ҳақ кардан аст.
Дил ба ҳунар деҳ, на ба даъвипараст,
Сайди ҳунар бош, ба ҳар ҷо ки ҳаст.
Бода ту хӯрдӣ, гунаҳи даҳр чист?
Ҷурм ту кардӣ гунаҳи даҳр чист?
Даҳр накӯӣ, накун эй некмард,
Даҳр ба ҷои ману ту бад накард.
Гирди сари давлатиён чарх соз,
То шавӣ аз чарх задан бениёз.
Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноӣ аст,
Бар ҳама чизеш тавоноӣ аст,
Банди фалакро кӣ тавонад кушод,
Он ки бар ӯ пой тавонад ниҳод.
Мақолати ҳабдаҳум оиди парастиши таҷриба ва ризогӣ ё худ қаноатмандӣ аз он чизе, ки ба даст овардаӣ ва рафтори ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷамъият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё