Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Осори дигари шоир ин ғазалиёти ӯ мебошад, ки бо номи «Девони Шамси Табревӣ» машҳур аст. Бояд гуфт, ки тамоми ғазалҳои шоир бо забони форсӣ мебошанд. Ғазалиёти шоир низ бештар дар боби ахлоқу тарбия ва хираду хирадмандӣ ва ишқу меҳру муҳаббат офарида шудаанд.
АМИР ХУСРАВИ ДЕҲЛАВИ
(1253 - 1325)
Амир Хусрав соли 1253 аз оилаи муҳоҷири Мовароуннаҳрӣ, ки дар замони истилои муғулҳо ба Ҳиндустон гурехта буданд, таваллуд ёфтааст ва қисми зиёди умри худро дар Деҳлӣ гузаронидааст. Бинобар ин, ватани ӯро ба Деҳлӣ нисбат медиҳанд.
Амир Хусрав аз хурдӣ падари худро дар ҷанги муғул бой дода, ба тарбияи бобои модариаш Имодулмулк, ки аслан тоҷик буд, мемонад ва ин хизмати неки ӯро шоир доимо ёдовари намудааст. Амир Хусрав дар дарбори амирону ҳокимон кору фаъолият намуда, пастию баландиҳои зиёду тӯҳматҳои дарборро дида, худ низ монанди дигар донишмандон ба тӯҳматҳою бӯҳтонҳо гирифтор гардидааст.
Ин ҳолатро шоир чунин баён намудааст:
Хусрав чӣ ҳолатест, ки дар даҳр олимон Аз ҷоҳилони дуну данӣ боз пасттаранд?!
Ин нуқтаро бубину ба инсоф ҳуш бар ой.
К - аз чор ҳарф «қатраю даре» баробаранд?
Мероси адабии шоир аз ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, қасидаҳо ва достонҳо иборат буда, аз рӯи баъзе маълумотҳо 120 ҳазор байтро ташкил менамояд.
Бояд гуфт, ки «Хамса» ё «Панҷ ганҷ»-и Амир Хусрав беҳтарин асари тарбиявию ахлоқӣ буда, ӯ файласуфона ба дараҷаи баланди инсонӣ қадршиносӣ ва хирадмандиро тараннум намудааст. Шоир, пеш аз ҳама инсонҳоро ба шинохтани Худои бузург ва ба худшиносӣ ҳидоят месозад:
Пурии дил сӯи баландӣ кашад, Пасти ҳиммат ба нажандӣ кашад.
Чарх туро баҳри шараф сохта, Ту тани худ деги алаф сохта...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё