Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳукм, ки дигаре ба худ раво намебинад, мисоли он аз худ ба дигаре раво надорад ва ҳар чӣ ба худ намеписандад, ба ҳеҷ мусулмон написандад.
2. Қазои ҳоҷати мусулмононро аз афзали тоат шуморад.
3. Он, ки дар хӯрдан ва пӯшидан иқтидо ба сирати хулафои рошиддин кунад. Ва нафсро ба таомҳои хуш хӯрдану ҷомаҳои такаллуф одат накунад.
4. Он ки дар ҳукми сухан ба мадоро гӯяд. Ва бемуҷиб дуруштӣ накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нашавад. Ва аз сухан гуфтан бо заифон ва мискинон нанг надорад.....
5. Он ки ба ҷиҳати ризои халқ дар ҳукм сустӣ ва мадоҳинат (дурӯягӣ, фиребкорӣ) накунад ва барои хушнудии ҳар кас мухолифати шаръ ва ҳақ раво надорад.
6. Он, ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад ва яқин донад, мансаб, аморату ҳукумат олатест, ки бад - он олат ҳам саодат ва некномии охират метавон касб кард ва ҳам шақовату бадномӣ ва гирифтори абадӣ бад - он ҳосил мешавад.
7. Он, ки дар зиёрат ва сӯҳбати сулаҳо ва уламои дин роғиб бувад. Агарчи ин қавм дар ин рӯзгор камёфт ва азизанд хоса дар ин диёр.
8. Он, ки бо сабаби таҷаббуру такаббур халқро аз худ масту хуш нагардонад, балки бо адл ва эҳсон ва шаққат бар заифон ва зердастони худро маҳбуби таъоё гардонад. Расул салаллоҳу алайҳи васаллам фармуд, ки беҳтарин подшоҳони шумо он касонанд, ки шумо эшонро дӯст медоред ва бадтарин ҳокимони Шумо он касонанд, ки шуморо душман медоранд ва шумо низ эшонро душман медоред.
9. Он ки дар таҷсис (ҷосусӣ кардан), хиёнат, савоб ва зулми аъмол ғофил набошад ва гургсиратони золимро ба раъоֵи мазлум раҳо накунад ва чун зулму хиёнат яке зоҳир шавад, ӯро ба мувоҳиза ва уқубат ибрати дигарон гардонад ва дар сиёсати подшоҳи мусолиҳат раво надорад ва арбоби давлатро ба насиҳат ва сиёсат муъаззаб гардонад.
10. Он, ки фаросат бар ҳоким ва подшоҳ воҷиб аст, ки ар миёни ҳудусу ҳаводис ва маъонияти овозаи ва викоъияи тезназарӣ назар кунад ва дар мазҳари фаҳм ва ақли ҳақиқат ҳар ҳукмро мушаххас гардонад......

пешина
аз 566
навбатӣ