Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
...Салмони Форсӣ разияллоҳу анҳу ривоят кард, ки Расул алайҳиссалом фармуд, ки нест ҳеҷ ҳокиме, ки аҳли чизе аз умури мусулмонӣ, ки бар ӯ воҷиб аст, ки оварда шуда, рӯзи қиёмат ҳар ду даст дар гардан баста ва ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дастҳои ӯро накшояд, магар адли ӯ. Пас ӯро ба пул аз оташ бидоранд, пас он пул бифишонад ӯро, афшондане, ки ҳамаи аъзои ӯ ҷудо шавад, пас аъзои ӯро боз ба ҷои худ баранд, пас ӯро ҳисоб кунанд. Агар некӯкор буда бошад, ба некии худ халос ёбад ва агар бадкор ва золим ва фосиқ ва осӣ буда бошад, он пул дарида шавад ва ӯ дар ҷоие афтад, ки ҳафтод сол бояд, то ӯ ба қаъри он ҷой расад.
Умар ибни Авф аз падари худ ривоят кард, ки Расул алайҳиссалом фармуд, ки сахттарин тарсе мар уммати маро баъд аз ман се чиз аст. Гуфтанд: Эй Расули Худо, он се чиз кадом аст? Гуфт: гумроҳии ҳокиму олими золим ва ҳавои нафси ғолиб.
Ибни Аббос разияллоҳу анҳу гуфт, ки он рӯз, ки Расул саллаллоҳу алайҳи васаллам вафот кард, бар тани мубораки ӯ пироҳани пашминае буд, бар вай дувоздаҳ пайванд дӯхта буд ва баъзе аз он пайвандҳо аз пӯсти гӯсфанд буд ва ҳафтод ҳазор дирам дайн монда буд, ки бар дарвешон нафақа карда буд. Он дайнро ба Амирмуъминин Алӣ разияллоҳу анҳ боз дод.
Шароити салтанат ва подшоҳӣ
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мефармоянд, ки шароити салтанат ва подшоҳӣ даҳ чиз аст:
- Дар воқеа, ки пеш ояд, подшоҳ ҳокими худро яке аз раъоё дар он воқеа тасаввур кунад ва дигаре баробари худ ҳоким бинад. Ва дар он ҳол дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё