Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар ақидаи вақтшиносӣ ва ҳаётдӯстии Ҳофиз дӯстдории инсонҳо, суҳбати дӯстони боҳиммат, дӯстдории табиат, ғанимат будани умри гузаро хеле равшану пурра таъкид гардидааст:

Акнун, ки зи гул боз чаман шуд чу биҳиште,
Соқӣ, маи гулгун биталаб дар лаби киште.

× × × × ×

Мабош дар паи озору ҳар чӣ хоҳӣ кун,
Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.

× × × × ×

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳақи мо ҳар чӣ гӯяд, ҷои ҳеҷ иқроҳ нест.

Шоир фиребгарӣ ва дурӯғгӯй ва дурӯягии роҳбаронро сахт маҳкум намудааст:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Шиквае дорам зи донишманди маҷлис боз пурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Ё дар ҷои дигар менависад:

Сарои мадрасаву баҳси илму тоқи равоқ,
Чӣ суд, чун дили донову чашми бино нест?
Сарои қозии Язд арчи манбаи фазл аст,
Хилоф нест, ки илми назар дар он ҷо нест.

× × × × ×

Инон ба майкада хоҳем тофт з-ин маҷлис,
Ки ваъзи беамалон воҷиб аст нашнидан.

Нобаробарӣ ва ноҳақии замона ва рафтори беадолатонаи роҳбаронро Ҳофиз сахт маломат карда, мехоҳад, ки аз он даме дур бошад.

Соқиё, бархезу дар деҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро.

× × × ×

Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам.

пешина
аз 566
навбатӣ