Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Одами хокӣ бад — ин олам намеояд ба даст,
Оламе аз нав бубояд сохт в- аз нав одаме.

Дар ишораи боло Ҳофиз ба тарбияи одамӣ боварии калон ва назари некбинона дорад:

Эй дил сабур бош, маҳӯр ғам, ки оқибат,
Ин шом субҳ гардаду ин шаб саҳар шавад.

Аз тарафи дигар Ҳофиз ҳамаро аз нур ва шарофати иллоҳӣ медид:

Дар хароботи муғон нури Худо мебинам,
В- ин аҷаб бин, ки чи нуре зи куҷо мебинам.


Сӯфӣ аз партави май роз ниҳонӣ донист,
Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист.


Ҳофиз аз ишқи хату холи ту саргардон аст,
Ҳамчу паргор, вале нуқтаи дил по бар ҷост.

Орзую хаёл ва ақидаи дурусти роҳбариро Ҳофиз дар сабру таҳаммул, некиву накукорӣ дида, ҳукмронии одилонаро парастиш дорад:

Мулки озодагию кунҷи қаноат ганҷест,
Ки ба шамшер муяссар нашавад султонро.


Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.


Осоиши ду гетӣ тасвири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро.


Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр,
Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд.


Гуноҳ гарчи набуд ихтиёри мо Ҳофиз,
Ту дар тариқи адаб кӯшу гӯ: Гуноҳи ман аст.

пешина
аз 566
навбатӣ