Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ чун набвад ба нафси худ ҳаким,
Ё ҳакиме набвадаш ёру надим,
Қасри ҳукмашро бувад бунёд суст,
Кам фитад қонуни ҳукми ӯ дуруст.

Ҳатто, шоир ба диндории худ нигоҳ накарда менависад, ки аз подшоҳи золими диндор дида, шоҳи одили бедин афзалтар аст:

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,
АДЛ дорад мулкро қоим, на дин.
Куфркеше, к-у ба адл дорад фареҳ,
Мулкро аз золими диндор беҳ.

Аз рӯи ақидаи Ҷомӣ низ офаридгори ақли аввал Худои бузург мебошад:
Сонеи бечун чу олам офарид,
Ақли аввалро муқаддам офарид.

Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 73-солагӣ барои тарбияи писари ягонаи даҳсолаш асари тарбиявии «Баҳористон»-ро таълиф менамояд, ки дар ин бахш мо овардани баъзе аз қисматҳои ин асари бузургро зарур мешуморем.

БАҲОРИСТОН1

Пири Ҳирот разияллоҳу анҳу, асҳоби худро васият кардааст, ки аз ҳар пире сухане ёд гиред ва агар натавонед, номи эшонро ба ёд оред, то баҳрае ёбед...

Абӯҳошими Сӯфӣ гуфтааст, ки кӯҳро ба нӯги сӯзан аз бех баркандан осонтар аст, аз занги кибр аз дил бияфгандан...

Боязидро пурсиданд, ки суннат кадом асту фарз кадом? Фармуд, ки суннат тарки дунёст ва фарз сӯҳбати мавло; Маснавӣ:
Эй ки дар шаръи худовандони ҳол, Мекунӣ аз суннату фарзам суол!
Суннат омад рӯҳ зи дунё тофтан, Фарз — роҳи қурби мавло ёфтан.

1 Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон, таҳрири Азҳоҳон Афсахзод, Душанбе, Адиб. 1987. — 160 с.

пешина
аз 566
навбатӣ