Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Саҳл Абдуллоҳи Тустарӣ мегӯяд, ки ҳар ки бомдод кунад ва ҳиммати вай он бошад, ки чӣ хӯрад, даст аз вай бишӯй...

Абӯсаъиди Ҳарроз гуфта, ҳар кӣ гумон бурда, ба кӯшиш тавон расид, ранҷе кашида беҳуда ва ҳар кӣ тасаввур карда, бе кӯшиш тавон расид, ҷуз роҳи орзу напаймуда....

Абулҳасани Нурӣ гӯяд: «Ҳар кӣ Худои таоло худро аз вай бипӯшонад, ҳеҷ далелу хабар ба вай нарасонад»....

Абулҳасани Фушанҷӣ гуфтааст, ки дар дунё ҳеҷ чиз нохуштар нест аз дӯсте, ки дӯстии вай аз барои ғаразе бошад ё ивазе...

Шайх Абусаид Абухайрро пурсиданд, ки: Тасаввуф чист? Гуфт: «Он чӣ дар сар дорӣ, бинихӣ ва он чӣ дар каф дорӣ, бидиҳӣ ва аз он чӣ бар ту ояд, начаҳӣ»....

Рӯйям гуфтааст: «Ҷавонмарди он аст, ки бародарони худро маъзур дорӣ ва бар зиллате, ки аз эшон воқеъ шавад, бо эшон чунон муомила накунӣ, ки аз эшон узр бояд хост»......

Иброҳим Хаввос гуфтааст: «Ранҷ макаш дар талаби он чӣ дар қисмати аввалии барои ту кифоят кардаанд ва он рӯзист ва зоеъ магардон он чӣ аз ту талаби кифоятӣ он кардаанд ва инқиёди аҳкоми илоҳист ва авомир ва навоҳӣ»......

Абӯалии Рудборӣ гуфтааст: «Танғатарин зиндонҳо муоширати аздод (агёр) аст».....

Ибни Муқаффаъ гӯяд: «Кутубхонаи ҳукамои Ҳиндро ба сад шутур мекашиданд. Малики эшон истидои ихтисор кард, ба ду шутур бозоварданд ва ба такрори истидоъ ба чаҳор калима қарор гирифт:

Калиман нахустин дар далолати подшоҳон ба адолат.

Калиман дуввум дар васияти раият ба некӯкорӣ ва фармонбардорӣ.

Калиман сеюм дар муҳофизати сиҳати бадан, ки то гурусна нашаванд, даст ба таом наоваранд ва чун бихӯранд, пеш аз он, ки сер шаванд, даст аз таом бидоранд.

Калиман чорум дар насиҳати занон, ки чашм аз рӯи бегонагон дур доранд ва рӯй аз чашми номаҳрамон мастур.

Ҳакимеро пурсиданд, ки одамизод кай ба хӯрдан шитобад?

пешина
аз 566
навбатӣ