Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
дӯстӣ низ доштаанд. Мақоми олимӣ донишманд дар тарғибгарии ахлоқи ҳамидаи инсони шоистаи таваҷҷӯҳ ва ангуштнамои барозандаи ҳамагон гардидааст.
Осори ин донишмандро зиёда аз 40 асар фаро мегирад, ки машҳуртарин ва боарзиштарин осори панду ахлоқӣ «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ва «Рисолаи Ҳотамия» мебошад, ки мо ба Шумо, хонандаи азиз, бахше аз гулчини ин асарҳои тарбиявию ахлоқӣ, ки муҳимтарин паҳлӯҳои менеҷментро дар бар мегиранд, пешниҳод менамоем. Хотиррасон мекунем ва аз хонандаи гиромӣ узр мепурсем, ки бо сабаби маҳдуд будани ҳаҷми китобамон мо наметавонем ҳамаи мавзӯъҳои ин асарро пурра пешкаш намоем. Бинобар ин, дар баъзе мавзӯъҳо матн ё ҳикоя то охир пурра оварда нашудааст ва мо онро бо .... (нуқтагузорӣ) ишора кардем, ки ин маънои давомнокии фикрро ифода мекунад. Мо боварӣ дорем, ки агар мавзӯъ ба хонанда писанд ояд, ӯ ҳатман сарчашмаро пайдо намуда, аз ӯ пурра баҳра мегирад.
ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ 1
Дар шарафи ин илм.
Бидон, ки илми футувват илми шариф аст ва шӯъбаест аз илми тасаввуф ва тавҳид. Ва акобири олам дар ин илм рисолаҳо сохтаанд ва дар сифату тавҳияи (тафсир) камоли ӯ нусхаҳо партофта... дар китоби «Қавоид-ул-футувват» ин байтро ба шайх Фаридаддини Аттор иснод кардаанд:
Дидаи дил аз футувват равшан аст, Равзаи дил аз футувват гулшан аст.
Гар бувад илми футувват бар сарат, Ҳар замон бахшат сафои дигарат.
Дар мавзӯи ин илм.
Бидон, ки ҳар илмеро мавзӯе ҳаст, ки дар он илм баҳс ва аворизи зотии он
мавзӯъ мекунанд. Чунончи дар илми тиб бадани инсон мавзӯъ аст аз ҳайсияти
сиҳату мариз. Чун ин муқаддима дониста шуд, бибояд донист, ки мавзӯи илми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё