Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

футувват нафси инсонӣ бошад, аз он ҷиҳат, ки мубоширу муртакиби афъоли ҷамила ва сифоти ҳамида гардад....

Ва шарҳи нафси инсонӣ ва баёни маротиби ахлоқ, лоиқи ин мухтасар нест ва боз ҳар илмеро масоиле ҳаст, ки дар он илм баҳс аз он кунанд ва худ тамомати илм ба он мақсур бошад. Ва масоили ин илм он аст, ки дар ин рисола аксар бар тариқи саволу ҷавоб баён гардад.

Дар баёни маънии футувват ва ҳасби луғат ва истилоҳ.

Бидон, ки футувват аз рӯи луғат ҷавонӣ бошад ва фатӣ марди ҷавонро гӯянд ва баъзе дар шарҳи ин луғат бар онанд, ки футувват ҷавонмардӣ бошад. Аз рӯи истилоҳ футувват дар урфи ом иборат аст аз итсоф (машҳур будан) ба сифати ҳамида ва ахлоқи писандида, бар ваҷҳе, ки ба он абнои ҷинси хеш мумтоз гардад....

Пас, футувват чист? Футувват он аст, ки ҳеҷ коре накунӣ дар ниҳонӣ, ки он ошкор нагардад ва ба ҳама кас ба хулқи некӯ зиндагонӣ кунӣ, ки дӯстии халқро ба хулқи некӯ ҳосил тавонӣ кард ва чунон ки гуфтаанд:

Ба ҳама халқи ҷаҳон хулқи писандида намой,
Ки сӯи хулди барин роҳ бар он аст, эй дил!

Ҳамчунин, футувват ба аҳд вафо кардан аст.... Ва вафо кардан кори ҷавонмардон аст ва нуқси аҳду шикастани паймон нишонаи нуқсони виҷдон аст.

Футувват он аст, ки ҳама касро аз худ беҳтар донӣ ва худро бар ҳеҷ кас бартарӣ надиҳӣ;

Ҳар киро заррае вуҷуд бувад,
Пеши ҳар зарра дар суҷуд бувад.

... Футувват тарки такаллуф кардан аст ва он чӣ дар хона бошад, барои меҳмон ҳозир овардан...

.....Футувватро се мартаба аст: аввал сахо, ки ҳар чӣ дорад аз ҳеҷ кас дареғ надорад. Дуввум сафо, ки синаро аз кибру кина поку покиза созанд ва мартабаи охир вафост, ки бо халқ нигоҳ дорад.

Салмони Форсӣ низ дар хусуси футувват фармудааст: «Футувват инсоф додан аст ва инсоф наситонидан, яъне ҳар айбе ва нуқсе, ки бошад онро ба худ нисбат бояд кард ва ҳар чизе, ки дар вуҷуд ояд, худро дар миён набояд дид»....

пешина
аз 566
навбатӣ