Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

натиҷаи адаб аст ва адаб натиҷаи ҳурмат ва ҳурмат натиҷаи сарват (покизаву холисӣ) ва сафват натиҷаи дил ва дил хазинаи ақл, ақл бошад, хазинаи сир ва сир хазинаи маърифат.... аст. Ва гуфтанд: адаби зоҳир нишонаи адаби ботин аст....яъне адаб ин покиза сохтани зоҳиру ботин аст. Ҳар ки ба ҷое расад аз адаб расад. Чунончи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мефармояд:
Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак В- аз адаб маъсуму пок омад малак.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Дар баёни устоди шадд (камарбанди вафодорӣ) ва шароити он.

Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Нақл аст, ки агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои кулли аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде (ҳеҷ устоде) ба устоди дуруст набошад, ва аз ӯ ҳеҷ коре наояд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маъни рафиқе беҳтар аз устод нест.

Пас, ҳар кӣ хоҳад (ки коре) ба асл бошад, ибтидо ба устоди комил бояд кард. Ба ғояти далел равшан аст, бар он, ки устод бояд ва бе мутобиати устод аз ҳеҷ кас коре наояд:
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хизмат куну устод шав.

...Баъд аз он ки шахси соҳибсаодат ба баракати нури иродат домани пири соҳибкамол ба даст овард ва дояи он кард, ки дар зумраи футувват дохил гардад ва аз ҷамъи миёнбастагон шавад, ӯро аз устоди шадд чора нест... Ҳар касе устодиро нашояд, балки марде комилу мукаммал бояд, то қавоиди ин кор ба ҷой оварад....

пешина
аз 566
навбатӣ