Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • Сеюм, суфӣ он ки сирри ӯ софӣ бошад ва ақли ӯ кофӣ бошад ва дили ӯ ба аҳди муҳаббат вофӣ бошад.

  • Чаҳорум, суфӣ он аст, ки зоҳираш аз кудурати алоқаҳо ба канор аст ва ботинаш ба тафаккур моил аст ва дар дидаи ҳимматаш зарру хок яксон аст.

  • Панҷум суфӣ он аст, ки он чӣ ба дам дарёфта бошад, ба қадам он ҷо шитофта бошад, яъне аз рутбаи илмул-яқин ба пояи айнал-яқин тараққӣ намояд.

Агар пурсанд, ки ин тоифаро чаро суфӣ гӯянд, бигӯ инро низ панҷ ҷавоб гуфтаанд. Аввал, он ки эшон мар сафи авваланд, яъне аз ҷумлаи солиқон пеш афтодаанд. Дуюм, эшон тавалло ба асҳоби суффа кардаанд ва асҳоби суффа гурӯҳе будаанд аз аъмоли дунё эътироз карда ва ба аҳволи охир иқбол намуда.
Ба рӯйҳои зард, дамҳои сард, субҳу шом дар зикр мувозимат мекунанд. Пас, суфӣ онро гӯянд, ки чун асҳоби суффа аз ҳама алоқаву дилбастагиҳо эътироз намуда бошад ва аз рӯи ҳузуру ҳозир ба тоату ибодат таваҷҷӯҳ фармуда ва ин ду ваҷҳ, агарчӣ ба қонуни арабият рост нест. Сеюм, гуфтаанд иштиҳоқӣ (баромадан) ин исм аз сафост ва чун бар дилҳои эшон сафо ғолиб аст, эшонро суфӣ гуфтаанд. Чаҳорум, гуфтаанд иштиҳоқи ин ном аз суфӯҳ аст ва суфӯҳ хулосаи чизеро гӯянд.... Пас, ин ҷамоатро ба воситаи он суфӣ гуфтаанд, ки хулосаи халқ эшонанд:

Мӯътакифони ҳарами кибриё,
Шуста зи дил сурати кибру риё.
Шоҳнишинони бисоти қадам,
Роҳнишинони работи адам.

Панҷум, эшонро барои он суфӣ мегӯянд, ки суфӣ дар луғат пашмро гӯянд ва чун эшон дар аксар вақт ҷомаи пашмина пӯшанд, эшонро суфӣ гӯянд ва ин сухан ба ҳасби арабия саҳеҳ аст, чӣ нисбат ба суф суфӣ ояд.

Дар одоби аҳли тариқ

Бидон, ки бузургон гуфтаанд, ки дарвеши тамом адаб аст. Яъне ҳар вақте
ва ҳар ҳоле ва ҳар мақомеро одобе аст. Пас, ҳар кӣ муҳофизати одоб кунад, ба
мақоми мардон расад ва Санойӣ дар «Ҳақиқат-ул-ҳақиқат» гуфтааст, ки сӯҳбат

пешина
аз 566
навбатӣ