Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

...Агар пурсанд, ки ба чӣ забон сухан мегӯӣ, бигӯ, ба забони сидқ.

...Агар пурсанд, ки сухан бо кадом гӯш мешунавӣ, бигӯ, ба гӯши қабул.

...Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст ё ту аз суханӣ, бигӯй, ки ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст.

...Агар пурсанд, ки сухани ноқис кадом аст, бигӯй, он ки мунофиқи сухани Худову Расул бошад.

...Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст, бигӯй, ки аз он нафъ ба касе расад.

...Агар пурсанд, ки сухани буд кадом аст, бигӯй, он ки аз он зараре ба касе оид шавад.

Дар одоби касб ва байъу широъ (хариду фурӯш)

Бидон, ки дарвешро касби ҳалол (росту покиза) зарур аст, ба ин ваҷҳ касбро аз воҷибот низ тавон шумурд, зеро фароғати хотир он замон даст диҳад, ки заруриёти маош зоил гардад. Ва ҳар чӣ роҳати тамоми нашавад, пас он низ воҷиб бошад. Ва чун аз олам заруриёт тамоми муяссар нашавад, илло бар он ранҷ бар мардумон ниҳад, пас ҳар кӣ манфиат гирад ва нафъ нарасонад кор накарда бошад. Пас ҳар кӣ аз дарвешон ба касбе машғул нашавад, бори худ ба гардани мардум ниҳода бошад ва сабаби ранҷи оламиён шуда ва он дар тариқ раво набувад ва собит шуд, ки касб марди дарвешонро аз заруриёт аст, пас ҳар оина бояд, ки одоби касб ба ҷоӣ оварад.

Ва ҷамии касбҳоро муҷмалан (мухтасаран) адабҳост ва ҳар касберо алоҳида адабе ҳаст ва зикри ҳама ба тафсил меанҷомад.

Агар пурсанд, ки одоби маҷмӯи касбҳо хулоса чанд аст, бигӯй ҳашт:

  1. Касби худро аз моли ҳаром ва шубҳат пок дорад.

  2. Касбро барои зарурати маош кунад, на барои ҷамъи мол.

  3. Касбро сабаби обрӯй шиносад.

  4. Ба касе, ки моли ӯ ҳаром бошад, муомила накунад.

  5. Дар ҳунари худ кори айбнок ва беэътиноӣ накунад ва аз ғилу ғаш (олудагӣ) дур бошад.

пешина
аз 566
навбатӣ