Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Инсоф нигоҳ дорад, ба касе, ки баҳои матоъ нашиносад ба вай муомила накунад.
-
Агар аҳли тарозу бошад, кам надиҳад ва зиёд наситонад.
-
Агар аҳли зироъ бошад, зиёда ба худ напаймояд ва кам бар дигарон, то баракат ва ҷамъият дошта бошад.
Агар пурсанд, ки одоби фурӯхтани чизе чанд аст, бигӯй, ҳашт.
-
Ба харидор сухани нарм бигӯяд.
-
Аз ҳар маҳалла, ки харидор пайдо гардад дареғ накунад.
-
Он чӣ мефурӯшад, зиёдат таърифи он накунад.
-
Чизи дагалу қалб нафурӯшад, ва гар фурӯшад, айби ӯро ба харидор бозгӯяд.
-
Дар вазн ва зироъ қалбӣ накунад.
-
Агар чизи харидаро бозоранд ва зоеъ нашуда бошад, савдоро вайрон кунад ва бозситонад.
-
Агар азизеро нақде набошад ва чизе ба нася талабад ба ӯ фурӯшад ва дар мақоми музояқа набошад.
-
Зиёд аз қимати вақт нафурӯшад.
Агар пурсанд одоби харидани чиз чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ:
-
Ба ваҷҳи ҳалол харад.
-
Нақди қалб аз мағшуш надиҳад.
-
Ба камтар аз қимати вақт нахарад, магар фурӯшанда музояқа накунад.
-
Ба фурӯшанда сухани сахт нагӯяд.
-
Ӯро таклифи бисёр накунад, ки аз фалон ҷо ба фалон чиз буда.
-
Аз он чӣ мехарад, бисёр бахшад.
-
Чун чизе харида бошад, бозпас нагардонад.
-
Чизи харида ба домон надиҳад.
-
Чизи харида дар остин накунад.
-
Мӯъдкоса аз фурӯшанда наситонад.
-
Дар ҷои покиза кунад.
-
Зоҳир набарад, балки пӯшида дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё