Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба сабаби алами заҳри каждуме қатъ кунам ва агар имрӯз дар маҷлиси баён бар неши каждуме натавонам кард, фардо дар маъракаи разм ба теғи заҳробдода душман чӣ гуна сабр тавонам кард?

Подшоҳро ин сухан хуш омад ва мартабаи ӯро баланд гардонид ва ба он миқдор сабр, ки кард ба муроду мақсад расид:
Гарат чун Нӯҳи Набӣ сабр ҳаст дар ғами тӯфон, Бало бигардаду коми ҳазорсола барояд...

Дар адолат

Адл суханест мулкорой ва ламъаест нурафзой... Адл он аст, ки доди мазлумон диҳанд ва эҳсон он ки марҳами роҳате бар ҷароҳати маҷрӯҳон ниҳанд.
Дар хабар омадааст, ки як соат адли подшоҳ дар паллаи мизони тоат роиҷтар аст аз ибодати шастсола, зеро ки натиҷаи ибодат зуд ба омил бирасад ва фоидаи адл ба хосу ом ва хурду бузург ва асли бурдбории мулку миллат баракати он қоиму манзум шавад ва сабаби адл аз ҳадду ҳисоб афзун аст ва аз миқёси қиёс берун. Овардаанд, ки яке аз салотинро хоҳиш он шуд, ки ҳаҷи хонаи Худо бигзорад ва ба қадами ҳурмати тавофи ҳарим иззат ба ҷой орад ба манзили Сафо ва иҷобати дуо аз эшон сарфароз гардад:
Ҳаст тавофи карами кирдугор, Дар ду ҷаҳон воситаи иқтидор.

Ашрофи мамлакат ва ургони давлат ба мавқуфи арз расонидаанд, ки эй малик, шарти адои ҳаҷ амнияти тариқ аст ва салотинро душмани бисёр бошад.
Агар бо хайлу ҳаша азимат намой, таҳияи эшон дар ин роҳи дуру дароз таъазуре тамоми дорад ва агар бо андак мулозиме таваҷҷӯҳ фармой хатароти кулли мутасаввир (омодагӣ) аст ва дигар султон дар балад ҳукми ҷон дорад ва дар ҷасад вақте ки сояи давлати он ҳазрат аз мавофиқи раоё (халқ) дур шавад хараҷу мараҷ падид ояд..... Султон фармуд, ки чун сафар муяссар намешавад чун кунам, ки сабоби ҳаҷ дарёбам ва аз баракати ин тоат баҳраманд гардам......
(Пс аз дарвеше ки шаст маротиба ҳаҷ карда буд хоҳиши хариди як ҳаҷ кард.
Ғ.Т.)..... Дарвеш гуфт: «Ман сабоби ҳама ҳаҷҳоро ба ту мефурӯшам». Подшоҳ

пешина
аз 566
навбатӣ