Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
пурсид, ки ҳар ҳаҷ ба чанд мефурӯшӣ? Гуфт: «Ҳар гоме ки бардоштаам дар ҳаҷе ба тамоми дунё ва ҳарчӣ дар дунёст».
Султон гуфт: «Аз дунё матои дунё миқдори андаке беш дар тасарруфи ман нест ва ин баҳои як қадам намешавад. Пас, ҳаҷе чӣ гуна тавонам харид ва бар ин тақдир баҳои ҳама ҳаҷҳо дар хаёл чун кунам гузаронид».
Дарвеш гуфт: «Шод бош, самани ҳамаи ҳаҷҳои ман пеши ту осон аст»
Шоҳ гуфт: Чӣ гуна?
Гуфт: «Чун дар қазияи мазлуме адл кунӣ ва як соат ба муҳими додхоҳӣ пардозӣ, савоби он ба ман бахш, то ман савоби шаст ҳаҷ ба ту бахшам ва ҳанӯз сарфа бурда бошам ва дар ин савдо суде бисёр карда».
Адл нурест к-аз он мулк мунаввар гардад,
В - аз насимаш ҳама офоқ муаттар гардад.
Адл пеш ору муроди дили дарвеш барор,
То туро ҳар чӣ мурод аст, муяссар гардад.
Аз фазилати адолат ҳамин нуқта бас, ки одил маҳбуби ҳама мардумон аст.
Шоҳи одил сояи лутфи ҳақ аст,
Ҳар кӣ дорад адл лутфи мутлақ аст.
Халқро дар сояи худ ҷой деҳ,
В — аз шараф дар фарқи гардун пой неҳ.
Адл дар дунё накӯномат кунад,
Дар қиёмат хубфарҷомат кунад.
Андар ин олам муаззам созадат,
Чун бад — он олам расӣ, бинвозадат.
Ҳар шоҳ, ки ӯ нияти худ рост кунад,
Ёбад зи Худой он чӣ дархост кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё